Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷиҳати ҷуғрофии деҳаро омўхта, гирду атрофи онро барои мудофиа тайёр кард. Баъд ҳарчанд қувваҳои зиёде ба ин деҳа ҳуҷум карданд, вале шикаст хўрда шармандавор қафо гаштанд ва мардум дар атрофи шоҳи худ бештар муттаҳид шуданд ва ягона наҷотбахши мардум ин чашмаи Қалъа буд…
Ҳар рўз ба Қалъа аз пойтахт тайёраи АН– 2 меояд. Ба ин ҷо ба ғайр аз мусофирон боз рўзномаю маҷалла ва номаҳои хешу ақраборо низ тайёра меорад. Тамоми рўз дар фурудгоҳ одамон ҷунбуҷул доранд ва рўзе се– чор тайёраро пешвоз мегиранд. То омадани тайёра мусофирон ба чашмаи Қалъа рафта, аз оби зулоли он нўши ҷон мекунанд ва болои майсаҳои паҳлуи чашма нишаста, истироҳат менамоянд.
Деҳшуро дорои беморхонаи калонест, вале дар ҳолатҳои истисно аз маркази ҷумҳурӣ ба он ҷо мутахассисони алоҳидаи соҳаи тибро барои ташхиси дурусти бемор даъват мекунанд ва тайёраи санитарӣ ўро ба Сафедхок меорад. Рафту агар имконияти беморро дар ин ҷо табобат кардан набошад, бо ҳамин тайёра ўро ба Душанбе мефиристанд.
Дар совети қишлоқ бист мағоза, ҳашт хонаи хизмати маишӣ, дорухона, чойхона ва ошхонаҳои зиёде амал мекунанд, ки даромади ҳаррўзаашонро оварда, ба шўъбаи алоқа месупоранд. Ба қавле шўъбаи алоқа системаи бевоситаи бонкиро адо мекунад.
Кормандони шўъбаи алоқа ба ғайр аз ба мардум тақсим намудани газетаю журналҳо аз рўйи обуна, боз додани нафақапулиро низ ба ўҳда доранд. Ҳатто шўъбаҳои амонатбонк ҳам пулҳои худро оварда, ба шўъбаи алоқа месупоранд...
Сардори шўъбаи алоқа Сафо Расулӣ ҳар ҳафта як маротиба пули ҷамъшударо рестер намуда, дар линчаи махсус, ки бо мўҳри сурғунчин маҳкам карда шудааст, ба фурудгоҳ оварда, ба воситаи тайёра ба бонки маркази ноҳия мефиристад...
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бинои шўъбаи алоқа ба талабот ҷавоб намедиҳад ва ҳатто ин шўъба қаровул надорад.
Дар ин бора нозири минтақавӣ, лейтенанти калони милиса Ато Қурбонзода борҳо муроҷиат кард, вале касе ба додаш нарасид...
“...Оре, зисту зиндагии милисионер дар ин ҷо хушу хушбахтона аст. Ў қариб ҳеҷ кор намекунад. Мардум аҳлона зиндагӣ мекунанд, шаробро кам менўшанд, дуздӣ намекунанд...

пешина
аз 408
навбатӣ