АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Аскар аз асп фаромада, ба тарафи барфтуда рафт ва он пораи либосро кашид...
Худоё, чӣ даҳшате: аз зери барфтуда ҷисми беҷони Аббос баромад.
Аз ҳама пеш ба ҷойи воқеа нозири минтакавӣ, лейтинанти калони милиса Ато Қурбонзода омад. Ў дар бораи ҳодисаи рухдода бо марказ алоқа намуда, то омадани гурўҳи тафтишотӣ ҷойи ҳодисаро ба зери назорат гирифт.
Қарибиҳои бегоҳ гурўҳи тафтишотӣ дар ҳайати муфаттиши прокуратураи ноҳияи Дўстӣ, ҳуқуқшиноси дараҷаи аввал Носир Мискинов, ваколатдори кофтукови ҷиноӣ, капитани милиса Рофеъ Рабиев ва эксперти тиббӣ – судӣ Ҳодӣ Бадалов ба ҷойи ҳодиса омаданд. Ҳодӣ Бадалов ҷасадро аз назар гузаронида ба хулосае омад, ки марҳум дар натиҷаи хўрдани зарбаи сахт ба сараш ҳалок шудааст. Ҳама дар он ақида буданд, ки Аббос аз асп афтодааст, яъне пояш дар узангу дармондааст ва асп дар масофаи зиёда аз сад метр ўро кашола кардааст, ки дар натиҷа сараш зарби сахт хўрда ба ҳалокат расидааст.
Яке аз ҳолатҳое, ки порикоб шудани Аббосро ҳамчун назарияи тафтишотӣ ба арсаи тафтишот баровард, дар масофаи шаст метр пештар ёфтани мўзаи пои чапи мақтул буд. Бадалов ҳам баъди ёфт шудани мўза ба чунин рух додани ҳодиса дигар шакку шубҳа надошт. Маросими дафни марҳум ба вақти намози пешини рўзи душанбе гузошта шуд.
Субҳи рўзи якшанбе ронандаи автобазаи рақами ҳафти шаҳри Душанбе Давлатшо Саидов бояд ба Хоруғ хишт мебурд.
Дар километри чордаҳуми роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ автомашинаи «ВАЗ – 2106» –ро дид, ки бо дари кушода меистод ва шахсе пойҳояш дар берун кашол мехобид. Дар чунин барвақтӣ, ки ҳанўз мошине нагузашта буд. Саидов воқеаи нохушеро ҳис карда мошинеро нигоҳ дошт ва ба сўи «Жигули» шитофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор