АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ронандаи мошин, ки аз тарафи чапаш тир хўрда буд, то ҳанўз аз баданаш хун ҷорӣ буд ва ин гувоҳи он буд, ки ҳодиса на зиёдтар аз ним соат пеш рух додааст.
Баъди бист дақиқа нагузашта гурўҳи фаврӣ аллакай дар ҷойи ҳодиса буд. Андаке дертар муайян шуд, ки автомашинаи мазкур ду рўз пештар дуздида шудааст. Азбаски дар ҷайби мақтул ғайр аз чанд калид чизи дигар ёфт нашуд, шахсияти ў номаълум боқӣ монд.
Соати ҳашти пагоҳии рўзи душанбе сардори шўъбаи алоқаи совети қишлоқи Сафедхок Дилшод Расулов ба кор омад. Ў эътимоди комил дошт, ки чун ҳамешагӣ оромист. Хост калидро аз ҷайбаш бароварда дарро кушояд, вале қулф кушода буд. Гумон кард, ки худаш онро фаромўш карда маҳкам накардааст.
– Бало пирӣ шавад,– аз дил гузаронд ў ва вориди бино шуд.
Сараввал дар печка оташ афрўхт ва чун бино гармтар шуд, ба паси мизи кориаш гузашта, қоғазҳоро аз ғалладон бароварда, болои миз гузошт. Сипас калидро ба сўрохии сейф гузошта онро тоб дод. Калид тоб нахўрд. Дастаки дари сейфро тоб дод. Чун дастаки дар тоб хўрд, ў дари сейфро сўи худ кашид ва чашмаш ба сейфи холӣ афтоду дар ҷояш шах шуда монд...
Дилшод Расулов гўшаки телефонро бардошта, ба утоқи кории нозири минтақавӣ Ато Қурбонзода занг зад ва аз воқеаи рухдода ўро хабардор кард.
Гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ, ки рўзи гузашта ба ҷойи ҳодиса омада буд ва то ҳанўз дар Сафедхок буд, баъди даҳ дақиқа ба шўъбаи алоқа омад. Дар совети қишлоқ, ки чанд соли охир ҷинояте ба қайд гирифта нашуда буд, ҳодисаҳои ду рўзи охир ҳамаро ба ҳайрат гузошт.
То субҳи рўзи душанбе гурўҳи тафтишотӣ марги сараграноми савхози Сафедорон Аббос Ғоибовро ҳамчун воқеаи нохуш арзёбӣ мекард, вале ҳодисаи ғорати шуъбаи алоқа назарияи пештараро дар бораи марги сараграном аз байн бурд.
Гурўҳи тафтишотӣ ҳарчанд то ҳанўз далелҳои кофӣ надошт, вале аз рўйи таҷрибаи чандинсолаи корӣ алоқамандиеро дар ҳар ду ҳодиса ҳис намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор