АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Лейтенанти калони милиса Ато Курбонзода дар бораи ғорат шудани шуъбаи алоқа фавран ба маркази ноҳия хабар дод ва омадани гурўҳи тафтишоти ҷиноиро талаб кард.
Сардори гурўҳи тафтишотӣ низ фикри нозири минтакавиро пазируфт ва то омадани гуруҳ нигоҳ доштани ҷойи ҳодисаро ба зиммаи ў супурд.
Гурўҳи тафтишотӣ ҳамроҳи раиси совети қишлоқ Маҳмуд Одинаев ва сардухтур Комил Шарифов ба хонаи Аббос Ғоибов омаданд. Дар гирди ҳавлӣ мардуми зиёди ба маросими дафн омада ҷамъ шуда буданд. Оҳу нолаи хешу ақрабо чун тире ҳар синаро мешикофт. Албатта, дар чунин ҳолатҳо кореро ба сомон расонидан осон нест, вале ба таъхир андохтанаш низ гуноҳест нобахшиданӣ.
Носир Мискинов оқибат хешу ақрабои марҳумро барои кушодани ҷасади Аббос Ғоибов розӣ кунонид. Эксперти тиббӣ судии категорияи олӣ Ҳодӣ Бадалов ҳамроҳи сардухтури беморхона Комил Шарифов дар муддати ду соат ҷасадро аз назар гузарониданд. Дар натиҷа ба ҳар як саволи муфаттиш, ки дар қарор омада буд, Бадалов ба пуррагӣ ҷавоб дод. Сипас, асп ва зину афзори онро низ аз назар гузарониданд, ки дар чанд ҷойи афзори асп доғи хунмонанде ёфт шуд ва баъдтар тафтишот муайян намуд, ки хуни дар зину афзори асп рехташуда аз рўйи гурўҳ хуни Ғоибов аст.
Инчунин, изҳои аз бинои алоқа гирифташуда ҳамроҳи изи дастони мақтул ба тафтишоти дактилоскопӣ фиристода шуданд ва баъди ду рўз хулосаашро гирифтанд.
Носир Мискинов айнакашро ба чашм монда, ба хулосаи тафтишоте, ки навакак котиба оварда буд, чашм дўхт.
“...Нақши ангуштоне, ки 18 октябр аз сейфи шуъбаи алоқаи деҳаи Сафедхоки ноҳияи Дўстӣ ба ихтиёри мо фиристода шудааст, ҳангоми муқоиса аз рўйи хусусиятҳои индувидуалиашон ба шахсони зерин тааллуқ доранд:
а) Ба Ғоибов Аббос б) Ба Худойназаров Маҳмуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор