Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

” Инчунин, дар хулосаи тафтишот омада буд, ки субҳи рўзи
17 октябр дар километри чордаҳуми роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ ҷасади марди 30 – 35 солае, ки аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудааст, ёфт шуд ва ҳангоми муқоиса нақши ангуштони ў, ки барои муайян кардани шахсияташ фиристода шуда буд аниқ шуд, ки онҳо аз рўйи идентификатсия ба Худойназаров Маҳмуд, ки пештар барои дуздӣ маҳкум шуда буд, тааллуқ доранд.
Мискинов чунин натиҷаро интизор набуд.
– Чи илми бузургест ин дактилоскопия, – мегуфт бо худ.
Дар кушода шуду Рабиев вориди утоқи Мискинов гашт.
Мискинов хулосаи тафтишотро ба дасти капитани милиса дода гуфт:
– Қудратулло Рабиевич, чашм нарасад, муваффақият шуморо дунболагир аст.
– Чӣ хел?
– Охир, то ҳанўз кўшише ба харҷ надода, аллакай ду бандитро ба ҷаҳанам фиристодӣ.
– Онҳоро ман не, нафси бадашон ба ҷаҳанам фиристодааст.
– Оид ба куштори Худойназаров прокуратураи ноҳияи Сар– чашма парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Акнун моро дар якҷоягӣ кор кардан лозим меояд. Он ҳаштод ҳазор сўми3 дўздидашударо аз шўъбаи алоқаи Сафедхок ҳарчи зудтар ёфтан лозим.
Ин маблағ дар дасти аъзои сеюми гурўҳи ҷинояткор, ки Худойназаровро паррондааст маҳфуз аст, – гуфт Рабиев.
– Роҳи дигар нест,– розӣ шуд муфаттиш.

– Ваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Сарчашма лейтенанти калони милитса Сорбони Ҳомид субҳи рўзи якшанбе ба айёдати падару модар ба деҳа рафтанӣ буд. Ў нав либосҳояшро ба бар карда аз хона баромадан мехост, ки телефон занг зад. Гўшакро бардошта овози навбадор Тағоевро шунид, ки ба таври фаврӣ ба ШКД омаданашро талаб дорад.
Вақте ки автомашинаи шўъба ўро ба ҷойи воқеа овард, дигар азоёни гурўҳи фаврӣ–тафтишотӣ аллакай ба азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пардохта буданд.

пешина
аз 408
навбатӣ