Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муфаттиши прокуратура, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Муҳаббатшо Ғозиев, ки сарварии гурўҳи тафтишотиро бар ўҳда дошт, Сорбони Ҳомидро бо рафти ҳодиса шинос намуд.
Он рўз шахсияти мақтул муайян карда нашуд. Автомашинае, ки дар он ҷасади мақтул ёфт гардид, аз рўзи 15 октябр дар ҷустуҷўи кормандони БДА қарор дошт ва ҳоло ин автомашина ба болои ҷиноят ҷинояти дигареро зам сохт.
Дар сари чанбараки рули мошини дуздидашуда ёфтани ҷасад аз он шаҳодат медод, ки мақтул аз “хизмати” он истифода бурда аст. Барои муайян кардани шахсият нақши ангуштони ўро гирифта, ба ташхис фиристоданд.
Баъди ду рўз нақши ангуштони мақтул дар бойгонии шуъбаи ташхисию криминалисти ВКД ҶТ ёфт шуд ва аз рўйи он шахсияти мақтул муайян карда гардид. Ў Худойназаров Маҳмуд буда, ду маротиба барои дуздӣ ба ҳабс гирифта шудааст ва пеш аз марг низ нақши ангуштонашро дар говсандуқи бинои шуъбаи алоқаи деҳшурои Сафедхок барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мерос гузоштааст.
Бо супориши сардори ШКД – и ноҳияи Сарчашма подполковники милитса Қосимӣ рўзи панҷшанбе лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид барои пурратар шинос шудан ба ҳолатҳои кор ба ноҳияи Дўстӣ сафар кард.

Баъди чорсад метр “ГАЗ–24”самти ҳаракаташро тағир дода, аз роҳи калон баромада, ба тарафи чап тоб хурд. Оқил Нуров боридани боронро як фоли нек мепиндошт. Ў дар роҳи ноҳамвор ва каҷу килеби деҳаи Тезгар ҳам суръати автомашинаро паст накарда, қариб буд мўсафеди асобадастеро зер кунад.
Ронанда бо тамоми қувва тормозро зер кард, мўйсафед афтид.
Ронанда аз кабина фаромад.
– Лат хўрдед бобо, – пурсид ў.
– Он қадар не, бало пирӣ шавад бачам.
– Биёед, шуморо ба беморхона барам?
– Лозим не, бачам шукр, ки зинда мондам.
Нуров як қоғази бисту панҷ сўмаро ба тарафи мўйсафед дароз кард.

пешина
аз 408
навбатӣ