Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Лозим нест бачам, ман ҳам як умр аз паси чамбараки мошин нон хурдаам ва чунин ҳодисаҳо на як бору ду бор ба сари ман омадааст.
Нуров аз нав биступанҷ сўмаро ба ҷайбаш андохта, бо мўйсафед хайру хуш намуд. Ниҳоят баъди сарсониҳои зиёде аз нав ба роҳи калон баромад. Дидбонгохи БДА дар қафо монда буд. Дар роҳи калон нақлиёти зиёде ҳаракат мекард. Аз баски дар роҳи шаҳрӣ дидбонгоҳи иловагӣ монда нашуда буд, Нуров ба хулосае омад, ки аз воқеаи рухдода милиса хабардор нест, вагарна ҳамаро ба по мехезонд. Ў мошинаро дар гараж монда ба ошёнаи сеюм давида баромад ва ба соати рўйи мизи нигарист. Он ҳафту бистуҳафт дақиқаро нишон медод, баъди ду– се дақиқа бояд ҳамсояаш Сафия– хола занг зада, ўро аз хоб бедор мекард. Ба курисӣ нишаста буд, ки телефон занг зад.
Гўшакро бардошта ба Сафия– хола миннатдорӣ баён намуд. Ў барои худ алиби4 мустаҳкаме дошт. Сафия– хола дар ҳама ҳолат тасдиқ мекард, ки субҳи якшанбе рўзи 17 – октябр ў ҳамсояаш Нуровро соати 7:30 дақиқа бедор кардааст. Лаҳзае пас ба гараж баргашта сўмкаи пулҳоро кушода дид. Дилаш аз хурсандӣ гум зад, вале худро ба даст гирифта, онро дар гараж монду мошинро бароварда, ба тарафи ноҳияи Кофарниҳон рафт. Дар километри чордаҳум автомашинахои милиса ва «Ёрии таъҷилӣ»– ро дид, ки ҷисми беҷони Маҳмудро бор мекарданд. Ў дар Кофарниҳон ба назди чанд шиносаш даромада, бо ин роҳ алибии худро боз ҳам мустаҳкамтар кард.
Баъди нисфирўзӣ аз Кофарниҳон баргашт. Қисме аз пулҳоро аз сумкаи «Адидас» ба дипломате ҷо ба ҷо карда, ба хона овард ва пас аз шуморидан дипломатро ба таҳхона фароварда, дар байни майда– чуйдаҳои бетартиби партофта шуда пинҳон намуд. Боқимонда бист ҳазор сўмро ки аслан аз купюрҳои майда иборат буданд ба хона оварда, дар рўзномае печонду шабона ба таҳхонае, ки ба Сафия– хола тааллуқ дошт, дар таги ҳезумҳо пинҳон кард. Субҳи рўзи якшанбе дар автобуси шаҳрӣ нишаста ба кор рафт…
Сорбони Ҳомидро аз ШКД ноҳияи Дўстӣ ба деҳшурои Сафедхок фиристоданд. Тайи чанд рўзи охир тамоми ҳайати фаврии ҷустуҷўии шуъбаи корҳои дохилӣ тахти сарварии сардори ШКД ноҳияи Дўстӣ, майори милиса Занҷирбек Шойинбеков дар Сафедхок буданд.

пешина
аз 408
навбатӣ