АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Лейтенанти калони милиса қарибиҳои шом ба Сафедхок омад ва ҳамаи ҳайати милисаи ноҳияро дар бинои деҳшуро, ки утоқи кории нозири минтақавӣ онҷо буд дарёфт. Раиси шурои деҳот Одинаев чандин утоқҳои кории кормандонашро ба ихтиёри кормандони милиса дода, барои кори онҳо тамоми шроитҳои корро фароҳам оварда буд.
Сорбони Ҳомид папкаи ғавси картониро варақ зада, боварӣ ҳосил кард, ки кассе дар ин маҳал нисбат ба воқеаҳои рухдода бетараф нест. Дар минтақае, ки дар давоми даҳсолаҳои охир ҷинояте ба қайд гирифта нашуда буд, яку якбора содиршавии ду ҷинояти мудҳиш ташвиши мардумро бедор намуда онҳоро боз ҳам муташакилтар намуд. Мардум бе ягон даъватнома ба бинои шурои деҳот омада, аз дида ё шунидаашон оид ба ин ҳодисаҳо хабар медоданд.
Субҳи рўзи дигар вақте ки Сорбони Ҳомид ҳамроҳи сардори шуъба Шойинбеков плану чорабиниҳои иловагиро тартиб медоданд, милисионери қаторӣ Ризоев хабар дод, ки сокини деҳаи Гули сурх– и ноҳияи ҳамсоя омадааст ва мехоҳад бо худи сардор гап занад.
Занҷирбек Шойинбеков ба истиқболи меҳмон аз ҷой хеста, ўро барои нишастан таклиф кард. Ба меҳмон як пиёла чой дода, Сорбони Ҳомидро ҳам муаррифӣ намуд.
– Дар бораи Шумо бисёр шунидагиам рафиқ майор,– гуфт меҳмон. Банда дар купруки калони Хингоб қаровулам. Фамилияам Ҷононаев. Дирўз дар бораи ин ҳодисаи рухдода шунида, воқеае ба ёдам омад ва чун фаҳмидам, ки Шумо дар ин ҷоед, имрўз пас аз супоридани басти корӣ ба наздатон омадам.
Намедонам бо ин хабар ба Шумо ёрие мерасад ё не, вале ба ҳар ҳол қарзи шаҳрвандии худро дар назди қонун бояд иҷро намоям.
– Марҳамат гап занед, гўшам ба шумо,– гуфт Шойинбеков.
– Рузи 16 октябр ман дар купруки Хингоб навбатдор будам.
Тамоми рўз борон борид ва соатҳои бисту ду борон ба барф табдил ёфт. Агар рафту касе азми сафари ин тарафи Хингоб дошта бошад, бояд ҳатман ўро огоҳ созем, то эҳтиёт кунад, ки ба фалокате дучор нашавад. Тахминан соатҳои бисту се равшании чароғи автомашинае ба хоначаи роҳсозон даромаду давида ба берун баромадам. Бо чўбчаи дар дастам буда, автомашинаро барои ист ишора намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор