Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ронанда суръатро каме суст кард ва ман бовари ҳосил кардам, ки ў меистад. Вале чун аз назди ман як метр гузашт, газро пахш карда бо суръати баланд аз купрук гузашта рафт. Аз рўйи одат ман рақами онро ки 07– 95 буд серияаш аниқ дар ёдам намонд, дар китоб қайд намудам. Соатҳои яку панҷоҳдақиқа аз тарафи муқобил, яъне аз ҳамин тараф автомашина болои купрук баромад ва ман боз ба берун баромада хостам аз ронанда вазъияти роҳро пурсам.
Мошин бо чунин суръати баланд омад, ки агар ман ҳушёрӣ карда худамро қафо намегирифтам, эҳтимол маро зер карда мерафт. Ман ба рақами автомашина назар карда, боз ҳамон рақами 07– 95– ро дидам. Автомашина тамғаи «Жигули» рагаш сафед буд, – ба суханаш хотима гузошт Ҷононаев…
Чун нишондоди Ҷононаев ба протоколи пурсиши шоҳид сабт шуд, ў ба зераш имзо гузошт. Сардори ШКД ба ў барои ёрии беғаразонааш миннатдорӣ изҳор карда гуфт, ки дар ҳақиқат барои тафтишот чунин ёрие расонидед, ки беҳтарашро интизор шудан ғайри имкон аст.
Шойинбеков меҳмонро гусел карда баргашт ва ба Сорбони Ҳомид, ки машғули азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои дигар буд, муроҷиат кард.
– Ба фикрам рафиқ лейтенанти калон Ҷононаев он норасогии ҳалқаеро, ки дар тафтишот вуҷуд дошт, ба ҳам пайваст.
– Бале, ман аминам, ки танҳо дар сурати алоқаи зич бо мардум метавонем онҳоеро, ки қоидаҳои умумибашариро вайрон мекунанд ёфта, ба ҷавбгарӣ кашем. Ба ин ҷо омадани Ҷононаев ин ихлоси бевоситаи ў нисбат ба милиса аст.
Мушкилиро халқ танҳо дар муттаҳидӣ ва муташаккилӣ бартараф карда метавонад ва имрўз низ мо шоҳиди ҳолем, ки дар ин ҷо мақсаду мароми ҳама осоиш ва осудагист ва оне,ки аз нормаҳои умумибашарӣ пой берун мемонад сазовори нафрати умум мегардад. Чуноне, ки мардум ин нафратро нисбат ба Аббоси Ғоиб иброз намудаанд...
– Чӣ хел? – пурсид лейтенанти калон.
– Мардум чун фаҳмиданд, ки Аббоси Ғоиб дар ғорат намудани кассаи шуъбаи алоқа иштирок кардааст, ҳатто ба оши худоиаш ҳам нарафтанд.

пешина
аз 408
навбатӣ