Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ ҷазои сахте.
– Бале, рафиқ лейтинанти калон, ин то қиёмат дар ёдҳо мемонад ва ҳеҷ ягон инстансияи судӣ қудрати онро бекор кардан надорад…

Зинаида Андреевна Худойназарова аз марги собиқ шавҳараш Худойназаров баъди ду рўз хабар ёфт. Зина ҳам дар молу пулпарастӣ аз Маҳмуд камие надошт. Гўё лойи ҳардуро аз як хок шўрида бошанд. Зина аз хабари марги собиқ шавҳар азо нагирифт. Баръакс хурсанд шуд, ки пас аз марги шавҳар соҳиби даромади муфт мегардад.
Ду сол қабл онҳо аз ҳам қонунан ҷудо шуданд. Ҳарду дар бинои панҷоёшна зиндагӣ доштанд. Зина, ки муддати се сол бо Маҳмуд якҷоя зиндагӣ карда буд, хулқу атворашро нағз медонист. Вақте ки Маҳмуд дуюмбора хонадор шуд, қаҳру ғазаби Зинаро интиҳо набуд. Ў боварӣ дошт, ки рўзе Маҳмуд ба назди ў бармегардад. Зина дар стансияи телефонҳои шаҳрӣ вазифаи сардори сменаро бар ўҳда дошт. Боре ў ба вилояти Мурманск ба айёдати волидайнаш рафта, аз он ҷо телефони “Фантастика”, истеҳсоли Чехословакия овард. Апарати телефон дар ҳақиқат аҷиб буд ва ҳар як абоненте, ки ба хонаи Зина занг мезад, рақами телефони зангзадаро нишон медод.
Чандин бор Маҳмуд ҳам ба Зина занг зад. Зина рақами телефони Маҳмудро дар табло дида наметавонист, чунки ҳарду аз як комутатор ҷараён мегирифтанд. Ҳарчанд ў гушакро бардошта ҷавоб медод, вале Маҳмуд ба даҳон об гирифтагӣ барин хомўш меистод. Ниҳоят рўзе фикре ба сар заду телефони Маҳмудро пинҳонӣ ба телефони “Фантастика” пайваст.
Акнун тамоми гуфтугўи телефонии собиқ шавҳар дар зери назорати ў буд. Ба кадом мақсад ин корро мекард, намефаҳмид, вале ҳар он кас, ки ба хонаи Маҳмуд телефон мекард, рақами телефон бо ному насаб, таърихи рўзу соати зангзанӣ дар дафтарчаи алоҳидаи Зинаида низ сабт мешуд.
– Албатта, ягон рўз лозим мешудагистанд, худро ором мекард Зинаида ва ниҳоят он рўз ҳам фаро расид...
Понздаҳуми октябр телефони Худойназаров занг зад. Соат бистудуву понздаҳ дақиқаро нишон медод. Зинаида ҳамзамон гўшаки телефони “Фантастикаро” бардошт...

пешина
аз 408
навбатӣ