АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Алло, ин хонаи Худойназаров?
– Ҳа, кӣ мепурсад?
Ин овози ҳамсари нави Маҳмуд буд, ки Зина онро тоқати шунидан надошт.
– Оқил Нурович.
– Ҳозир, гуфт зан ва шавҳарро даъват кард.
– Салом, гўшам ба Шумо Оқил Нурович.
– Хайр, корҳо чӣ хел, ароба пайдо кардед?
– Эй Оқил Нурович, Оқил Нурович, чи хел амри шумо ноиҷро мемондааст? Пагоҳ соати шонздаҳ ба роҳ бароед.
Соати бисту се бояд он ҷо шавед ва баробари анҷоми корҳо кушиш намоед, ки тезтар Сафедхокро тарк намоед. Ва бо ошноятон видоъ кунед.
Шуморо соати шаши субҳ дар ҳамон ҷойи гуфтагӣ интизор мешавам, хўш бошед!
– Шумо ҳам!
Рақами телефон, таърихи рўз, соати зангзанӣ ва ному насаби Оқил Нурович ҳамоно дар дафтарчаи Зинаида сабт гашт. Инчунин ў мазмуни гуфтугўи шавҳарро бо Оқил Нурович сабт кард.
Рўзи шанбе ў ҳамроҳи дугонааш ба Варзоб рафт ва танҳо рўзи сешанбе ба хона баргашта аз ҳодисаи ба сари Маҳмуд омада хабардор шуд.
Зина чун аз иштироки Маҳмуд дар ғорат кардани кассаи шуъбаи алоқаи деҳшурои Сафедхок огоҳ шуд, гуфтугўи телефонии Маҳмудро бо Оқил Нурович дар мизон ақл баркашида, ба хулосае омад, ки ҳодисаи марги собиқ шавҳар бо телефони он шаб алоқаи зич дорад...
Зинаида Андреевна аз китоби телефонҳои шаҳрӣ ному насаби Оқил Нуровро ёфта, аз рўйи рақами телефон муайян намуд, ки он шаб Нуров аз хонааш занг задааст. Ва дар ин амалёти иҷрокардаи Маҳмуд сарвар ва тарҳрези асосӣ аст... Ба осони фаҳмид, ки аз касса сўми каме дуздида нашудааст.
«Ин аблаҳи Оқил Нуровро ҳам каме афшондан лозим. Дузд ҳамеша номард аст ва агар гуноҳе дошта бошад, ҳатман бой медиҳад. То ҳоло бо собуни русдухтар ҷомашўйӣ накардаӣ, мебинем, ки ба чӣ қодирӣ»,– аз дил гузаронд Зинаида ва гўшакро бардошта, рақами телефони Нуровро тоб дод...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор