Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Набошад гўед, ки ба назди ман дароянд.
– Хуб шудааст.
– Рухсат диҳед рафиқ майор, – гўён Сендеров ва Сорбони Ҳомид лаҳзае пас вориди утоқи кории сардор шуданд.
– Марҳамат гузашта шинед, – гуфт Исломов ва ҳамоно аз натиҷаи корашон пурсон шуд.
– Ба мо муяссар шуд, ки баъзе ҳолатҳои корро муайян намоем, – ба сухан даромад сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
– Марҳамат, давом диҳед.
– Ба фикри мо мўйсафеди аробакаш хатто накардааст.
– Аз куҷо чунин худбоварӣ?
– Чунки ба ҷуз мўйсафеди аробакаш ду нафар ноболиғ Ҷунайдов ва Мусулмонов, ки ҳарду чордаҳ – понздаҳсолаанд, аз ин пештар саҳнаи аҷиберо ба мушоҳида гирифтаанд.
– Чӣ хел саҳна?
– Саҳнаи муҳаббат.
– Эй Алексей Владимирович охир равшантар гап занед.
– Агар ҳамин саҳна намебурд, ноболиғон ба он таваҷҷўҳе зоҳир намекарданд.
– Чаро?
– Чунки бачаҳо дар чунин сину сол ба зиндагӣ бештар диққат медиҳанд ва маҳз боре таваҷҷўҳи якеро дар хонаи рў ба рў, ки аз хонаи онҳо саду панҷоҳ – дусад метр дуртар аст, ишқварзии марду зане бедор намудааст. Инро ба ҷўрааш мегўяд ва минбаъд ҳарду бо дурбин онҳоро тамошо мекардаанд.
– Шумо ба онҳо бовар кардед?
– Албатта, онҳо манзараи дидаашонро бо обу ранг нақл карданд, бино бар ин бовар кардан мумкин.
– Рафту онҳо соҳибхонаҳо зану шавҳарро дида бошанд?
– Соҳибхонаҳо ба хориҷа рафтаанд. Ин саҳнаҳоро онҳо дар як – ду моҳи охир тамошо кардаанд. Бори аввал рўзи иди Ғалаба тамошо кардаанд. Бори охирин бошад рўзи панҷшанбеи гузашта, яъне се рўз пеш аз ҳодисаи рухдода ҳамон занро танҳо дар балкони ҳамон хона дидаанд…
– Чаро Шумо фикр мекунед, ки онҳо дилдодаанд?
– Ин фикри мо не, фикри онҳоест, ки бўсу канори он ду нафарро наззора намудаанд.

пешина
аз 408
навбатӣ