Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Нимта нон роҳати ҷон” гуфтанд.
Муддати чанд рўзи охир Оқил Нуров ба ин ҳикмати халқ боварии комил ҳосил кард. Тайи чанд сол ў паси шутурвали тайёраи хурдакаки АН– 2 нишаста, аз фазо бо як дилгармии беандозае ба замин менигарист. Акнун ҳамин замини зебое, ки ҳамеша аз фазо орзуи ба он нишастанро дошт гўё кудрати бардоштани ўро надорад...
Ҳаштод ҳазор суми муфт ҳам ўро хушбахт карда натавонист. Чандин шаб аст, ки хоб чашмонашро тарк кардааст.
Баробари шунидани садое дар майдончаи ошёнаи сеюм тапиши дилаш дучанд мешавад.
Акнун “валидол” муниси ҳамешагии ўст. Рафту агар дар кўча милисионереро бинад пойҳояш ба ларзиш медароянд. Дар чунин ҳолатҳо ў тамоми қувваташро ба даст гирифта, худро маҷбур месозад, ки рў ба гурез наниҳад. Бими онро дорад, ки рўзе иродаашро аз даст медиҳаду ба чунин амал ҳам даст мезанад...
Аз ҳама вазнинтар барояш ин соатҳои дар кор будан аст.
Агар рафту ду кас бо ҳам гап зананд ба назараш менамояд, ки дар бораи ў гап зада истодаанд. Ба зами ин рўзе дар ҷойи кораш бист– си милитсионерро мебинад. Охир фурудгоҳ ҳам ин мисли вокзал дарвозаи шаҳр аст ва ҳама табакаҳои аҳоли ба хизмати он ниёз доранд ва милитсионерон ҳам истисно нестанд.
Ҳар яки онҳоро низ эҳтиёҷоте ба дарвозаи ҳавои шаҳр меорад.
Агар яке ба истикболи наздиконаш ояд, дигаре озими парвоз ба ягон гушаи дунё аст. Ва кам шахсоне ҳастанд, ки ба сардори смена муроҷиат накунанд...
Агар ҳоло мисли пештара аз қафои шутурвал мешуд, шояд ин қадар азоби руҳӣ намекашид. Вале чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд ва ў дар аъроф афтода...
Солҳои пеш кормандони милисаро бисёр парастиш мекард.
Ҳатто то синфи ҳаштум орзуи милиса шудан дошт. Вале акнун дидани милиса барояш болои сухта намакоб буд.
Се моҳ пеш комиссияи тибби ўро дигар барои парвоз кардан рухсат надод. Хостанд ўро ба нафақа гуселонанд. Вале сардори управленияи авиатсияи гражданӣ ба ў вазифаи сардори яке аз бастҳои кории аэропортро пешниҳод кард. Оқил Нурович таклифи сардори управленияро пазируфт ва акнун ин вазифаи пурмасъулиятро се моҳ инҷониб бар душ дорад.

пешина
аз 408
навбатӣ