Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳиста – оҳиста ба кор одат кард, вале дилаш ҳанўз ҳам ҳаваси парвоз дорад. Аз баски марди дидадарою корчалон буд, ёру дўстони нав пайдо кард. Маҳмуду Аббос низ аз дўстони нави ў буданд...
Тахминан ду моҳ пеш Худойназаров ҳамроҳи аскарбачае ба аэропорт рафт. Аскарбача дар дасташ барои се рўз пас билет дошт. Маҳмуд ки худ ду бор дар ҳабс нишаста буд, чи будани қонунро нағз медонист ва намехост, ки додараш ақалан як рўз аз рухсати қафо монад. Ҳар қадар ў кушиш кард, барои рўзҳои пештар билет гирифта натавонист. Ниҳоят ў сардори бастро ҷўста, ба назди Оқил Нурович омада арзи матлаб кард.
Оқил Нуров аскарбачаро худи ҳамон рўз ба самолёт шинонда, гусел кард. Корчалонии Оқил ба Маҳмуд писанд омад. Акнун чунин шахсро аз даст додани набуд. Бинобар ин хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш як пиёла чой нўшад. Ў ду пойро дар як мўза андохта, Оқилро ба таробхонаи “Помир” бурд.
Пас аз чанд қадаҳ Маҳмуд гуфт, ки барои Оқил барин дўстон тайёр аст, ки ҷонашро нисор кунад ва ба сина зада гуфт, ки агар рафту нохост калиди сейфашро гум карда монад, ба ў занг занад...
– Бе калид ҳар гуна кулфи сейфро мекушоям, – гуфт Маҳмуд ва илова кард:
– Ана, ҳамин хел, бародар, агар шумо мисли уқоб дар парвоз будед, мо дар замин ҳамин касбро пеша кардем ва ду маротиба ба дорурахлоқ ҳам рафта омадем...
Тасоддуфро бинед, ки баъди як ҳафта Оқил калиди хонаашро гум кард. Аввал хост дарро шаканад, вале “дўсташ” Маҳмуд ба ёдаш омада, аз шикастани дар худдорӣ карда, ба Маҳмуд занг зад.
Маҳмуд омад ва кулфи ба қавли соҳибхона мураккабро дар давоми ҳафт дақиқа кушод. Пас аз рафтани Маҳмуд фикре ба сараш омаду чун чароғаке гўшаи дилашро равшан кард. Ў ба ёд овард, ки ҳангоми парвоз чӣ хел аз Сафедхок ба маркази ноҳияи Дўстӣ пулҳои ҷамъшудаи шўбаи алоқаро мебурд...
Ҳамон вақтҳо шўъбаи алоқа сарои бесоҳиберо мемонд. Пас чаро Маҳмудро, ки чунин дастони мўъҷизакор дорад, дар чунин амалёт истифода набарад?

пешина
аз 408
навбатӣ