Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир то ҳол сўми бисёр ба касе зиён накардааст ва рисқро низ пеши пой задан хуб нест...
Акнун шахсеро аз худи Сафедхок ёфтан лозим буд. Рўзе бехабар он шахс ба дари Оқил ангушт зад...
Он рўз чун ҳамешагӣ ў дар кор буд. Кор ба қавле аз мўйисар зиёдтар. Ҷавонмарди биступанҷ – бистушашсолае ба назди сардор омада, муроҷиат кард, ки аз самолёт панҷ дақиқа қафо мондааст, вале ўро гузашта намемонанд, мегўянд, ки ба қайдгирӣ тамом шуд, ҳол он ки самолёт то ҳоло парвоз накардааст.
Сардори баст чун фаҳмид, ки ҷавон аз Сафедхок аст ба пункти рухсатдиҳии парвози самалётҳо занг зада, хоҳиш кард ки борти 07346– ро ки ба тарафи Сафедхок парвоз мекунанд, ба муддати панҷ дақиқаи дигар боздоранд, зеро мусофире бо телеграмма омадааст...
Аббос он рўз кию чи будани Оқил Нуровичро фаҳмид.
Сардори баст мусофирро то пеши самолёт гусел карда, рақами телефони хонаашро ҳам дод, ки рафту агар гузораш боз ба шаҳр афтад, занг занад.
Баъди даҳ рўз сарагрономи совхози “Сафедорон” Аббоси Ғойиб ба хонаи Оқил Нурович занг зад. Оқил ўро ба хонааш таклиф кард. Он шаб Аббос бо Худойназаров хеле аз ину он суҳбат карданд. Азбаски Маҳмуд дар ин бора аз Оқил дастур гирифта буд, дар давоми чанд рўзи дар машварат будани Ғойибов тавонист ўро барои ғорат кардани кассаи шўъбаи алоқаи диёраш розӣ кунонад. Аббос ҳатто пай набурд, ки муҳандиси ин ҷиноят Оқил Нуров аст.
Боре ў дар бораи Маҳмуд аз лётчик пурсон шуд.
Маҳмуд ҷони одам аст, – гуфт ў ва нақл кард, ки ин тавр вай қулфи дарро кушод. Хайрият, ҳамин дастони мўъҷизакори Маҳмуд буданд, вагарна дарро мешикастем.
Риштаи хайёлоти уро занги телефон канд.
– Нуров гўш мекунад.
– Ман яке аз дўстони Худойназаров, гуфт овози занонае.
– Кадом Худойназаров?
– Ҳамоне, ки дар километри чордаҳум ўро ба он дуньё фиристодед?
– Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам, шояд иштибоҳе шуда бошад.

пешина
аз 408
навбатӣ