АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Мефаҳмед! Агар хоҳед, ки амон бошед, пагоҳ соати чордаҳ дар пеши ресторани “Помир” вомехўрем,– гўён гўшакро ба ҷояш монд.
Нуров лаҳзае карахт шуд, чунки суханони зани ношинос аз хоҳиш дида, ба фармон шабоҳат дошт. Ниҳоят аз гудоки дарози телефони ў ба худ омада гўшакро ба ҷояш гузошт...
Сорбони Ҳомид ба мардуме, ки рўзи душанберо рўзи вазнин мешуморанд, ҳамақида нест. Ин фикри онҳоест, ки рўзҳои шанбе ва якшанбе нағз истироҳат мекунанд ва баъди ду рўзи истироҳат бошад кор барояшон қариб, ки фоҷиа менамояд.
Вале дар кори милиса душанбе ҳам як рўзи масъулиятнок аст.
Аҷиб аз тамоми рўзҳои ҳафта дида, душанбе бештар вирди забони мардуми мост. Чунки ба ғайр аз номи ҳафта будан ин номи шаҳри басо зебоест, ки вирди забони миллион кас аст.
Мегўянд, ки замоне дар ин ҷо рўзҳои душанбе бозор мешудааст ва ҳамин номро минбаъд мардум лоиқи пойтахти тоҷикон донистанд.
Сорбони Ҳомид як ҳафта боз баъди ҳодисаи куштор дар киломметри чордаҳум ба хона нарафтааст. Аслан дилаш ба хона ҳам он қадар майл надорад. Барои шахси муҷаррад байни чор девори бетонӣ чун қафас менамояд, танҳо истодан он қадар хуш нест... Утоқи корро хона худ, меҳисобид.
Имрўз аз рўзҳои гузашта оромтар буд. Аз ин истифода бурда лейтенанти калон қоғазҳои дар истеҳсолот будаашро бори дигар хонда баромад. То ҳанўз хулосаи ташхиси баластики маълум набуд ва ин кори милисаро дар кушодани ҷиноят боз ҳам душвортар мекард. Ба деҳшўрои Сафедхок рафта омада бошад ҳам, гиреҳеро кушода натавонист.
Сарчашмаи ҷиноят аз Сафедхок об мегирифт ва дар километри чордаҳуми шоҳроҳи Душанбе – Кулоб, ки аз рўйи тақсимоти территорявӣ ба ноҳияи Сарчашма тааллуқ дорад, маҷрояш анҷом меёфт...
Маҳз аз ҳамин ҷо маҷрои дигаре, ки ҳаштод ҳазор сўми аз Сафедхок овардаро ба комаш фурў бурда буд, сар мешуд. Дар давоми нўҳ рўз милиса корҳои зиёдеро анҷом дод, вале аз ҷинояткорон нишоне ба даст наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор