Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Телефон занг заду ў гўшакро бардошт.
– Сорбони Ҳомид гўш мекунад.
– Ман Диловар, набераи бобои Назар аз Лолазор.
– Гўш мекунам.
– Бобом гуфт, ки ўро як бинед.
– Хуб шудааст...

Сорбон бо бобои Назар аз солҳои донишҷўи шинос аст. Он солҳо ў ҳамроҳи Абдулҳамид, – писари бобои Назар борҳо ба ин деҳаи онҳо рафта буд ва аз суҳбати ин марди рўзгордида ҳаловат бурдааст. Бобои Назар ба синни ҳаштод даромад. Дар суҳбати ин пири барнодил истода, фикр мекунед, ки бо кадом як олими шинохтае суҳбат доред ва ба гўшаи хотир ҳам намеоред, ки ин мўйсафед як умр аз касби ронандагӣ нон хурдааст. Сорбон қариб чор моҳ боз мўйсафедро надида буд.
Соати шаши бегоҳ роҳи Лолазорро пеш гирифт. Дар даромадгоҳи хонаи бобои Назар мардуми бисёреро дида дасту по хўрд.
– Оҳҳо, киро мебинам, – гўён Абдулҳамид ба истиқболи дўсташ омада, ўро ба меҳмонхона таклиф кард. Ба ҳурмати меҳмон мардуми дар меҳмонхона буда аз ҷояшон хестанд.
Падари Абдуҳамид ўро ба оғўш гирифта, гила кард, ки дер хабар гирифт. Бобои Зоҳир, ҳамсояи Абдулҳамид ки Сорбонро нағз мешинохт гуфт, ки писарам як бори дигар чунин дер биёи мўйсафедро диданат ба гумон аст.
– Шукр мўйсафед ҳоло бақувват, – гуфт Сорбон.
– Бақувват– ку бақуват, лекин вақтҳои охир як одати ноҷо ёд гирифтагӣ, – гуфт мўйсафед Зоҳир.
– Чӣ хел?
– Шабҳо ки хобаш набурд, хеста дар кўчаҳои деҳа мегардад ва ҳатто худашро ба таги мошинҳои аз роҳ мегузашта партофтанӣ мешавад. Инаш ку бахайр, омада Абдуҳамидро маҷбур мекунад, ки барзаговро кушта худоии зинда монданашро диҳад. Ба фикрам кўза на ҳама вақт аз лаби чашма сиҳат бармегардад.

пешина
аз 408
навбатӣ