АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Мардуми то посе аз шаб гузаштан дар “худоии” бобои Назар ба қавле маишат карданд. Аслан аз худоӣ дида, ин маърака ба тўй монанд буд.
Чун ҳам рафтанд ў ҳамроҳи бобои Назар хело суҳбат кард...
Мўйсафед нақл кард, ки рўзи якшанбеи гузашта пас аз намози бомдод аз хона баромада, ба сари канал рафта, оби аз канал баромадаро ки ба сўйи роҳ мерафтааст, ба самти маҷрояш гардонданӣ шудааст. Нохост автомашинае, ки аз самти роҳҳи калон ба ин маҳал омада буд, ба ў бархўрдааст.
– Бало пирӣ шавад, писарам, гўшҳоям вазнин ва ин зормондаро (ў ба асбоби дар гўшаш гузошта шуда ишора кард) нагирифта будам. Хайрият тормозро зер кард. Чӣ хел афтидам, намедонам. Аввал не, баътар фаҳмидам, ки хело зарб хўрдаам.
Бечора ронанда аз машина фаромада аҳволпурсиям кард гуфт, ки биё ба духтур барамат. Розӣ нашудам. Сипас як биступанҷсўма ба ман дод, нагирифтам. Гуфтам, ки чунин корҳо аз сари худам ҳам гузаштагӣ ва ўро дуо додам... Ин гапро ба Зоҳиршоҳ гуфтаму дар боло мондам, мегўяд, ки ягон гўсфанд кушта худоӣ деҳ. Шукр деҳа калон як гўсфанд чӣ мешавад?
Ба Абдуҳамид фармудам, ки барзаговро кушта тўй диҳад...
– Он чӣ хел мошин буд?
– Волгаи сафед.
– Рақамашро надидед?
– Писарам, коҳи қўҳнаро бод кардан чӣ лозим?
– Ба ҳар ҳол ҳамин хел пурсидам, то фаҳмам чашмонатон чӣ мебинанд?
– Охирон рақамаш 5 буд, рақамҳои боқимондааш таги лой буданд.
– Рўз шуда буд?
– Гуфтам– ку баъди намози бомдод буд, борон меборид ва он субҳ мисли рўзҳои офтобӣ равшан набуд.
– Аниқаш кадом рўз буд?
– Рўзи якшанбеи гузашта...
– Ронандаро бинед мешиносед?
– Албатта. Лекин ронанда гуноҳе надорад, бачам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор