АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ба бобои Назар суҳбат карда, Сорбони Ҳомидро як чиз ором намегузошт. Ин ҳам бошад қатли Худойназаров. Рафту агар ронанда аз роҳи калон ба мақсади аз байн бурдани изи ҷиноят баромада бошад.
Охир вақте ронанда Саидов ба ҷойи ҳодиса омадааст аз бадани мақтул то ҳанўз хун ҷорӣ будааст. Дар роҳ бошад Саидов ягон автомашинаро надидааст. Ба тарафи Кофарниҳон рафтани қотил ба гумон аст, дар он сурат “пешвоз” гирифтани Худойназаров дар даромадгоҳи он ҷо рух медод. Саволҳои беҷавоб бисёр буданд ва онҳо санҷиши дақиқеро талаб мекард...
“Дўсти Худойназаров, дўсти Худойназаров, ҳаминаш намерасид. Ин падарлаънат кӣ бошад? Агар медонистаӣ, ки ман дўстатро дар километри чордаҳум ба он дунё фиристодам, пас чаро ба милиса муроҷиат накардӣ?
– Милиса бо чунин қудрат то имрўз аз ҷиноят нишоне наёфтааст– ку. Албатта ин зани шаттоҳ, ягон далел дорад. Дар куҷое ман ба хатто роҳ додам. Маълум аст, ки ў аз марги дўсташ андўҳгин нест, вагарна маро ба гуфтушунид даъват намекард, пас ягона мақсади ў шантаж5 аст. Ўҳ, лаънатие, зан нашуда мур!!!
Занги телефон тапиши диллашро зиёд кард, ки аз ҷайбаш як дона валидолро бароварда, ба даҳон андохт. Зиндагии як соли охирро пеши назар оварда ба хулосае омад, ки бахт аз ў дар гурез аст.
Тирамоҳи соли гузашта ҳамсараш дар садамаи автомобилӣ фавтид. Писараш Гулмаҳмад донишҷўи курси дуюми институти алоқаи шаҳри Тошканд, духтараш Фирўза ду моҳ пеш аз фавти модар ах шавҳар ҷудо шуда, ҳоло дар ноҳияи Исфара зиндагӣ дорад. Се моҳ пеш ўро қариб ба нафақа гусел карда буданд.
«Агар ба нафақа мерафтам беҳтар буд, имрўз дар чунин аҳвол намеафтидам. Лаънат ба он рўзе, ки ин Маҳмуди дуздро вохўрдам. Шайтон ба гарданам дарафтоду маро барои содир кардани ҷиноят тела дод. Дуруғ нагў. Дуруғ гуфтан торикии имон аст. Туро ман не нафси бадат ба ин роҳ тела дод. Дар куштани Худойназаров ҳам маро гунаҳкор медонӣ? Агар нафси бадат намебуду ўро ба ҷаҳанам намефиристодию пулҳоро ду тақсим мекардед, ин занги телефон ҳам намешуд» – нидо омад аз қалбаш...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор