Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чойники кирмизӣ ба пиёла чой рехта, онро бардошта буд, ки ларзиши дастонашро ҳис кард, оҳиста – оҳиста вуҷудашро ларзае фаро гирифт...
“Маҳмуд гурги борондида буд, эҳтимол пеш ба амалиёт рафтанаш ягон номае навишта монда бошад. Дар он вақт ман ин тарафи корро андеша накардам, акнун, ана, ёбу гир. Онҳое ки ба чунин корҳо даст мезананд, шояд мисли ман хомхаёл нестанд. ” Тамоми шаб мижа таҳ накард. Ў моргазидаеро мемонд, ки ҷойи нишаст намеёфт.
«Илоҷе карда аз ин зани шаттоҳ халос шудан лозим вагарна то қиёмат маро дунболгир хоҳад шуд».
“Чи, мехоҳӣ, ки инашро ҳам ба гардани ман занӣ, хунрезӣ бас аст, алакай хуни ду нафар дар гарданат, чунин фикрҳои аблаҳона ба сари шайтон ҳам намеояд. Беҳтараш пулҳоро ду тақсим кун” – боз нидо оман аз қалбаш.
« Не, намедиҳам хобатро ба об гуй...»
«Ба ғайри аз рози шудан, туро роҳи дигаре нест...»

Чередниченко лаҳзае пас аз телефон кардан пушаймон шуд.
«Маълум мешавад, ки то ҳанўз хомам, охир беҳуда нагуфтаанд, ки “бо моҳ шини моҳ шавӣ, бо дег шини сиёҳ шавӣ”, – аз дил гузаронд ў ва хост дубора телефон карда, вохўриро ба ягон рўзи дигар гузаронад, вале ҳамоно аз райъаш гашт:
–Пагоҳ ба вохўрӣ рафтан лозим меояд, вале худро набояд ошкор кунам. Агар ў гуноҳе надошта бошад, ҳатман ба милиса хабар медиҳад, ҳамаи ҳаракатҳояшро пурра ба зери назорат гирифтан лозим аст. Нақшаи амалётҳои минбаъдаро фардо пас муайян мекунам. Тоҷикон мақоли “ҳафт бор чен куну як бор ба бур”– ро бораи зебаш не, балки барои чунин рўзҳо гуфтаанд...

пешина
аз 408
навбатӣ