АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Рўзҳо мегузаштанд. Коғазҳои зиёде папкаи картониро ғафстар менамуданд. Назарияҳои ба санҷиш тоб наоварда, аз байн мерафтанду ҷойи худро ба назарияҳои нав медоданд, вале то ҳанўз пешравие дар кор дида намешуд.
Муҳаббатшо Ғозиев, ки ягона гиреҳи ин муамморо дар хулосаи ташхиси баластикӣ медид, имрўз баробари гирифтани натиҷаи он тарбуз аз бағалаш афтид...
Яъне тапончаи навъи Макаров ки дар бадани Худойназаров нақши худро гузошта буд, пештар дар картотекаи ЭКО* ВКД ҶТ ба кайд гирифта нашуда буд. Муҳаббатшо ки таҷрибаи калони корӣ дошт аз чунин ранг гирифтани ҳодиса руҳафтода нашуд. Ў мефаҳмид, ки тапончаи мазкур бо роҳи нек ба дасти қотил наафтидааст ва албата ягон ҷо аз худ нақше гузоштааст. Умеди ягонаро ў дар муроҷиат намудан ба бойгонии ахборӣ ва шуъбаи экспертию криминалисти Маркази ВКД СССР медид. Пас аз як соат аллакай дархости ў ба унвони ин идораи муътабар тайёр буд ва онро ба котиботи прокуратура супорид...
– Агар рафту Сорбони Ҳомид шахсияти ронандаи «ГАЗ– 24» – ро ки субҳи 17 октябр аз қишлоқи Лолазор гузаштааст, муайян кунад,– нуран алонур мешуд аз дил гузаронд Ғозиев.
Тай се рўзи охир Сорбони Ҳомид дар Бойгони раёсати бозрасии автомобилӣ ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти автомашинаи «ГАЗ – 24», рангаш сафед, ки рақами охиронаш панҷ аст варақ зад. Дар марказ ва ноҳияҳои тобеъи он ба ғайри аз вилоятҳо ҳафсаду шасту ҳашт автомашина бо рақами панҷ тамом мешуд.
Аз ин миқдор ҳафтоду ду рақами панҷ ба автомашинаҳои «ГАЗ
– 24» рост омад, ки қариб даҳ фоизро ташкил медод. Маълум буд, ки аксарияти ронандагон кушиданд, ки рақами панҷ насиби онҳо гардад.
Ҳамаги се автомашинаи «ГАЗ – 24», ки рангашон сафед қайд шуда буд, аломати охиринашон бо рақами панҷ тамом мешуд.
Сорбони Ҳомид ному насаб ва суроғаи ронандагони ҳар се автомашинаро дафтарчааш қайд карда, бо сардори Бойгонӣ Валентина Михайловна хайру хуш намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор