АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Рўз бегоҳ мешуд. Ба автобус нишаста, баъди ним соат ба кор омад. Оид ба кори серўзааш дар Бойгонии раёсати бозраси автомобилӣ гузориши муфассале навишта, плани иловагии корҳои таъҷилӣ – ҷустуҷўиро тартиб дода, ба назди сардор рафт.
Дар қабулгоҳ ду нафар марди ношинос интизори ба назди Қосимов даромадан буданд. Ў ба нишастагон салом дода, аз қабулгоҳ баромад...
– Чаро надаромадед? – пурсид навбатдор.
– Зеро он ҷо ду нафар интизори ба назди сардор даромадан ҳастанд.
– Хайр чи охир, ту ба кори шахсиат намедаромадӣ– ку?
– Фарқаш чӣ? Навбат навбат аст, риояи он барои ҳама ҳатмист, – гўён лейтенанти калон боз ба утоқи кориаш рафт.
«Лейтенанти калон ҷавонмарди хубест,– аз дил гузаронд навбатдор Тағоев. Баъзеҳо бе ягон асос корро баҳона карда навбатро вайрон мекунанд, ба замми ин корашон ҳам пеш намеравад. Сорбони Ҳомид бошад дар ҳама ҷода кораш хубаст».
Ниҳоят баъди чанде он ду нафар ҳам баромада рафтанд.
Навбатдор занг зада хабар дод, ки дар қабулгоҳ касе нест, метавонад ба назди сардор дарояд.
Полковник Қосимӣ гузориш ва иловаҳоро ба плани таъҷилии ҷустуҷўӣ, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид пешниҳод кард, бодиқат хонда баромаду айнакашро аз чашм гирифта болои мизи кори гузошт ва чашм ба тарафи мусоҳибаш духта пурсид.
– Хўш, рафиқ лейтенанти калон, ба фикрам шумо ронандаи кадоме аз ҳамин се автомашинае, ки субҳи якшанбе 17 октябр дар қишлоқи Лолазор “сайру гашт” доштааст, дар куштори Худойназаров даст дошта ва пулҳои аз шуъбаи алоқаи деҳшўрои Сафедхоки ноҳияи Дўстиро ки Худойназаров ва Ғойибов ғорат намуда буданд, бо худ бурдааст, гумонбаред?
– Ҳоло аниқ чизе гуфта чизе гуфта наметавонам, ҳамаи инро рафти санҷиш муайян хоҳад кард...
– Хайрият мисли баъзеҳо аз осмон овардани ситораро ваъда намедиҳед, – гуфт Дастам Қосимӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор