Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбон чизе нагуфт. Дар фазои идора хомўшӣ ҳукумрон шуд. Ниҳоят Сорбони Ҳомид рухсати рафтан пурсид.
– Сабр кунед, рафиқ лейтинанти калон, то ҳанўз мо аз ин ҷинояти зормонда гиреҳе ба даст наовардаем, агар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар километри чордаҳум, ҳамин роҳеро ки ба қишлоқи Лолазор мебарад, аз назар мегузаронидед, эҳтимол кор ранги дигар мегирифт?
– Бале.
– Аз пайи санҷиши ҳамин назарияҳои пешниҳод кардаатон шавед. Эҳтиёт бошед, ки шаъни ягон нафарро паст назанед.
Пагоҳ дар ҳамин соат назди ман дароед, – ба суҳбати хотима гузошт Қосимӣ.
Сорбон рухсат пурсида аз дар баромаданӣ буд, ки Қосимӣ гуфт:
– Бемалол бошед, чароғро даргиронед…

Зина боз ҳам маккортар шуда буд. Дар ҷойи вохўрӣ худро ошкор накард. Тамоми ҳаракатҳои шахси бо вохўрӣ омадаро зери назорат гирифт. Оқил Нуров ҳар замон ба соаташ менигарист. Зина аз дур ба рафтори ў баҳо дода худ ба худ гуфт:
– Бо чунин буздилӣ чӣ хел ў ҷиноят содир карда бошад?
Ниҳоят пас аз як соат тоқати Оқил Нурович тоқ шуд ва ҷойи вохўриро тарк кард...
Чередниченко ҳам эҳтиёткорона аз “камингоҳ” баромада, аз паси ў равон шуд...
Ниҳоят баъди гузаштани чанд бинои бисёрошёна ў ба тарафи “Волга”-и рангаш сафед, ки дар канори роҳ меистод тоб хурд ва дарро кушода, сари чанбараки рул нишасту моторро ба кор дароварда, ба роҳ баромад. Зина ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, сараввал даступо хўрд, вале ҳамоно худро ба даст гирифта, қадамониашро тезтар кард ва бо азобе рақами автомашинаро ба ёд гирифта, чилу як – панҷоҳу панҷ такроркунон зери лаб ў ба канори роҳ баромад ва сумкачаашро кушода ба дафтарчаи хотирааш чизеро қайд кард.

пешина
аз 408
навбатӣ