АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ўҳ, лаънатие, бо чунин бойгарӣ боз даст ба ҷиноят задааст, – аз дил гузаронд ў ва тарафи истгоҳ рафт. Агар бегуноҳ мебуд, албатта, ба милиса хабар медод. Маълум мешавад, ки гунаҳкор аст. То ҳаматарафа санҷиданаш худро ошкор кардан лозим нест. Муҳим он ки ба даст афтид, он тарафашро вақт ҳал мекунад...
Ў вориди автобус шуд. Хайрият курсиҳо холӣ буданд ва ба курсие нишаста ба андешаҳои худ дода шуд...
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сарчашма,
Прократура, ба муфаттиш Ғозиев М.
Шуъбаи тахиси криминалистии ВКД СССР қарори Шуморо дар бораи гузаронидани ташхиси баластикӣ аз 4 ноябри соли 199.
дида баромад. Ҳангоми муқоисаи тир ва патрони ба ташхисгоҳ фиристодашуда, муайян карда шуд, ки тири аз бадани мақтул Худойназаров гирифташуда ва патрони аз ҷойи ҳодисаи куштор аз рўйи калибрашон 9 миллилетра буда, аз тапончаи навъи Макаров парронда шудааст.
Ҳангоми муқоисаи нақши тир ва патроне ки шумо ба ташхисгоҳ фиристодед, бо нақшҳои дар бойгонии ташхисгоҳи ВКД маҳфузбуда муайян карда шуд, ки тири аз бадани Худойназаров гирифташуда, рўзи 17 октябр аз таппончаи навъи Макаров таҳти рақами ЛИ 1238, бароришаш соли 1976, парронда шудааст ва таппончаи мазкўр аз 14 январи соли 1988 дар ҷустуҷў мебошад...
Шаби 14 январи соли 1988 дар яке аз кўчаҳои шаҳри Нижни Тагил ҷасади милисионери қаторӣ Андрюшенко Сергей Павлович, ки аз зарбаи сахти ба сараш расида ба ҳалокат расида буд, ёфт шуд.
Ҳамзамон аз Шумо мепурсем, ки дар ин бора ба прокуратураи Нижни Тагил хабар диҳед...
Сардори Маркази ташхисигоҳи
ВКД СССР полковники милиса Турандин В. Ю.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор