АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Муҳаббатшоҳ пас аз мутолиа мактубро болои миз гузошта, даст ба гўшаки телефон бурда хост ба Сорбони Ҳомид занг занад, вале дар кушода шуду худи Сорбон рухсати даромадан пурсид.
– Марҳамат, дароед. Ҳоло телефон кардани будам, – гуён Муҳабатшоҳ гўшакро ба ҷояш гузошта ба истиқболи лейтенанти калон аз ҷой бар хест.
– Кору боратон чӣ хел? – пурсид муфаттиш ва пиёлаи чойро ба тарафи ў дароз кард.
Сорбон пиёларо гирифта, ташаккур гуфту як қулт нўшида пурсид:
– Дар корҳо чун пештара дигаргунии куллие нест.
– Мошинаҳоро муайян намудед?
– Бале,– гўён Сорбон варақеро бароварда ба дасти Муҳаббатшоҳ дод.
– Ҳамааш шуда се автомашина?
– Ин гулчин аст.
– Шахсияти кадоме аз ин се нафар боиси таваҷҷуҳ аст.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, чунки худам ҳам ба онҳо то ҳанўз вонахўрдаам, вале як нафаре аз инҳо борҳо ба деҳшурои Сафедхок рафта омадааст.
– Кадомаш?
– Дуюмаш.
– Оқил Нуров– мӣ?
– Ҳа, бале.
– Чӣ хел?
Оқил Нуров пештар командири таёраи АН – 2 буд, ки ба Сафедхок парвоз менамуд. Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум шуд, ки ў чандин маротиба аз деҳаи Сафедорон, ки маркази деҳшурои Сафедхок аст, ба маркази ноҳияи Дўстӣ пулҳои дар шуъбаи алоқа ҷамъшударо бурдааст...
– Гуфтаниед ки қотили Худойназаров ў аст?
– Қотил бунашро – ку намедонам, вале ба фикрам тарҳрезӣ амалиёт аст.
– Пас чаро ўро напурсидед?
– Чунки то ҳанўз ба муқобилаш далелҳои кофӣ надорем...
– Ба ин чӣ мегўед,– гўён муфаттиш хулосае ташхиси баластикиро ки болои миз меистод, ба дасти Сорбон дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор