Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ташхиси баластикиро хонда, онро ба болои мизи кории муфаттиш гузошта, ба андеша фурў рафт...
Хомўширо танҳо тақ – тақи ақрабаки соати рўйимизӣ халалдор мекард.
– Оё муайян накардед, ки Оқил Нуров ба Нижни Тагил парвоз кардааст ё не?
Ин кинояи муфаттиш ба дили ў чун корд халид, магар ки гуфт:
– Аз он ки Оқил Нуровро дар ин кор гумонбар мешуморам, ин фикри шахсии ман аст. Онро ба гардани касе боркардани нестам ва аз шумо низ дар ин бора дастгирӣ талаб надорам.
Ман барои он аз Оқил Нуров гумонбарам, ки ба муқобили ў фактҳои равнашаванда истодаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки ў ба ин фактҳо розӣ нашавад. Ман танҳо аз рўйи принсипи гуманизм то имрўз ўро ба шўъба даъват накардам. Мехоҳам бори дигар ҳамаи фактҳоро санҷам. Пеш аз пода чанг андохтан хуб нест.
– Бубахшед, сухани маро киноя напиндоред. Мақсаду мароми мо як аст. Ман мустаҳкамии ақидаатонро дар бораи Оқил Нуров донистан хостам. Ҳастанд кормандоне, ки дар як лаҳза ақидаашонро дигар мекунанд. Бисьёр хуб, ки шумо дар ҳимояи ақидаатон ҳастед. Албатта, туфангча аз Нижни Тагил худаш наомадааст. Мо бояд ҳарчи тезтар онро ёбем, вагарна боз ҳодисае рух доданаш мумкин.
– Банда низ дар ҳамин андешаам.
–Акнун вақти он расидааст, ки парвандаи ҷиноятиро оид ба дўздӣ дар шуъбаи алоқаи Сафедхок ва куштори Ғойибов Аббос аз ноҳияи Дўстӣ талаб карда гирему ба парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори Худойназаров ҳамроҳ намеоем. Худи имрўз ман ин бора ба ноҳияи Дўстӣ дархост мефиристам.
Шумо бошед муайян намоед, ки оё кадоме аз “қаҳрамонҳои мо”– Ғоибов, Худойназаров ва ё Нуров дар нимаи аввали моҳи январи соли 1988 дар Нижни Тагил будааст…

Чередниченко лакоту хаста ба хона баргашта, худро болои
бистар партофт. Хост каме ғанаб рафта, хастагиро фаромўш созад, вале натавонист.

пешина
аз 408
навбатӣ