Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Симои Нуров ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. Ниҳоят садои занги дар баланд шуд ва ў дилу бедилон аз ҷой бархоста, дарро кушоду дар майдончаи ҳавлӣ хаткашонро дид.
– Ба Шумо телеграмма омадааст. Марҳамат имзо монда гиред.
Зинаида Андреевна ба телеграмма чашм духт.
“Зинаҷон пагоҳ соати 8:20 дақиқа бо рейси 4875 меоям. Дар фурудгоҳ маро интизор шавед” Светлана.
– Дар куҷо даст монам?
– Ана, дар ин ҷо, – гўён хаткашон китобро ба пеши ў овард ва пас аз гирифтани имзо аз зинаҳо ба поён фаромад. Зина ҳатто ташаккур ҳам нагуфт.
– Ҳаминаш намерасид, – ғурғуркунон ба хона даромада боз худро болои бистар партофт...
Чун бедор шуд ҳам ҷо торик буд. Хеста чароғ даргиронд.
Ақрабаки соат бисту дую сию панҷ дақиқаро нишон медод.
– Маълум мешавад, ки хело хобидаам, аз дил гузаронд ў.
Хост бо Оқил Нуров занг занад, вале зуд аз райъаш гашт.
Акнун то рафтани Света сабр кардан лозим меояд. Боз фикр накунад, ки апааш ба шантажи мардум даст задааст. Тамоми шаб мижа таҳ накарда аз як паҳлў ба паҳлўи дигар тоб хўрд. Чӣ фикру хаёлҳое аз сараш гузаштанд, вале дар ислоҳи онҳо ў оҷиз буд. Субҳ фаро расид. Аз хона баромада ба истгоҳ рафт ва дар тролейбус нишаста, роҳи фурудгоҳро пеш гирифт. Аз тролейбус фаромада ба тарафи бинои маъмурии фурудгоҳ омад. Нохост дар майдончаи назди бино чашмаш ба “Волга”– и рангаш сафед бархурд ва беихтиёр ба рақами давлатиаш нигариста, дилаш шуввӣ кард.
41– 55 СБХ Ин ҳамон автомашинае буд, ки дирўз Оқил Нуров ба вохўрӣ омада буд. Лаҳзае пас худро ба даст гирифта, гирду атрофро аз назар гузаронид, вале аз ронандаи он нишоне надид. Ба соати калони девории бинои фурудгоҳ чашм дўхт. То фурудоии тайёраи рейси 4875 ним соат вақт буд. Ў аз дукон газетае гирифта, вориди бино шуда, ҷойи муносиберо интихоб карда нишаст ва “Волга”– и сафедро зери назорат гирифт...
– Оқил Нурович як дақиқа, – гуфтани касе Чередниченкоро маҷбур сохт, ки назорати автомашинаро лаҳзае мавқуф гузорад.

пешина
аз 408
навбатӣ