Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба тарафи овоз нигарист. Дар масофаи панҷ– шаш метр аз ў ҷавони малламўи куртаи сафедпўше бо Оқил Нуров, ки дар тан либоси ҳавопаймоӣ дошт гап мезад. Ҷавон ҳам эҳтимол аз кормандони фурудгоҳ буд, вагарна дар нимаи дуюми моҳи ноябр ҳеҷ кас таги куртаи сафед ба ин ҷо намеояд.
Ниҳоят онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Ҷавон ба ошёнаи дуюм баромад. Оқил Нуров бошад аз дари асосии бинои марказӣ берун шуда, ба тарафи “Волга” рафт ва пас аз лаҳзае моторро ба ҳаракат дароварда, аз майдончаи назди фурудгоҳ баромада, ба тарафи шимолу шарқии шаҳр ҳаракат кард.
Чередниченко боварӣ ҳосил кард, ки Оқил Нуров дар фурудгоҳ курсии калонеро дорост ва ё командири кадом тайёраи калонест. Ба мақсади гирифтани маълумот ў аз ҷой бархоста ба назди маркази маълумот рафта аз Оқил Нуров пурсид. Маълум шуд, ки ў ду рўз пас боз ба фурудгоҳ меомадааст ва ҳамчун сардори баст корро қабул мекардааст.
Радиои дохилӣ аз фурудоии рейси 4875 хабар дод. Зинаида Андреевна ҳамроҳи дигар пешвозгирандагон ба тарафи баромадгоҳи якум рафт.
Даҳ дақиқа пас Светлана ҳамроҳи анбуҳи пасажирон аз баромадгоҳи якум берун шуд ва бо хоҳараш Зина, ки ҳанўз авзояш парешон буд, гарм вохўрӣ кард. Пас аз гирифтани бағоч онҳо ба таксие нишаста ба хонаи Зина омаданд...

Оқил Нуров автомашинаро ба назди хона монда вориди бино шуд. Дид, ки ҳамсояаш Сафияхола ба тарафи таҳхона фаромад.
– Ҳа, холаҷон дар ин субҳи содиқ чи шитоб доред? – пурсид Оқил Нурович.
– Таҳхонаро камтар ба тартиб биёорам. Охир ҳамон чўбҳо дигар ба ман чӣ лозим? Мехоҳам онҳоро бароварда ба ягон эҳтиёҷманд диҳам.
Ба дили Оқил Нуров оташ афтид магар, ки рангу рўяш канд.
– Ба Шумо?– чӣ шуд пурсид Сафияхола.
– Ҳеҷ гап не ҳамсоя, дилам вақтҳои охир мезанад.

пешина
аз 408
навбатӣ