Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шояд духтур ҷеғзанам?
– Не, лозим нест, – гўён ў аз занаҳо боло баромад ва баъди лаҳзае тағири либос карда, ба ёрии ҳамсоязан ба таҳхона фаромад.
Ба нею нестони Сафияхола нигоҳ накарда, дасту остин барзада, чўбҳоро баровардан гирифт. Баъди чанде аз Сафияхола хоҳиш кард, ки аз рўйи ҷевони китобҳои хонааш барояш як дона валидол биёрад.
– Шояд ман онро наёбам?
– Меёбед дар болои ҷевон мондаам, – гўён калиди хонаашро ба дасти ў дод. Чун вай боло баромад, Оқил коғазпечи таги чубҳоро гирифта, ба таҳхонаи худаш даровард ва зуд омада боз машғули чўбкашӣ шуд...
– Дар болои ҷевон чизе нест,– омада гуфт хола.
– Сабил монад, куҷо шуда бошад? – гуён калидҳоро гирифта боло баромад.
– Беҳтараш каме истироҳат карда ором шавед.
Оқил вориди хонааш шуда, дарро аз дарун баста, оҳи сабуке кашид.
– Хайрият ҳамааш ба некӣ анҷом ёфт, вагарна бист ҳазор сўм аниқ аз даст мерафт. Эҳ, аз сарат монад ин таҳхонаат, гўё рўзи мардум бе чўбҳои ту намегузашта бошад.
Дирўз ба ҷойи вохўрӣ наомадани “дўсти” Худойназаров ташвиши ўро бештар кард. “Дўсти” Худойназаров, ки худ ташаббускор ва ба қавле манфиатдори ин вохўрӣ буд, бар хилофи ҳама гуна қоида ба ҷойи вохўрӣ наомад.
– Лаънатӣ он шаб ба ман ҳатто имконияти гап задан надод, гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт. Маҷбур шудам, ки дирўз соате рухсат пурсида ба вохўрӣ равам, афсус, ки бенатиҷа шуд.
Шояд дирўз ба хона телефон карда бошад, вале кӣ ҳам гўшаки телефонро мебардошт? Умуман ҳушёриро аз даст додан лозим нест. Ў хомўш нахоҳад шуд ва то ҷон дар рамақ дорад барои гирифтани ҳиссаи Худойназаров талош хоҳад кард. Танҳо марг қодир аст ўро аз ин роҳи “нодуруст” боздорад.
Банди ин андешаҳо буд, ки маломати дилаш оғоз шуд.
«– Магар роҳи пешгирифтаи худат дуруст аст?
– Ба инаш кори ту набошад.

пешина
аз 408
навбатӣ