Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чи хел кори ман набошад, охир ҳарчанд туро аз роҳи бад гардондам, гўш накардӣ, ба васвасаи шайтон даромадӣ, хуни ноҳак рехтӣ, боз марги дигареро мехоҳӣ?
– Охир, ў худ дар талаби марг аст, вагарна хомўширо афзалтар медонист.
– Беҳтараш пулҳоро таксим намо!
– Хобатро ба об гўй, ўро низ аз қафои дўсташ ба ҷаҳанам мефиристам.
– Ту чи хел мардӣ, ки худатро идора карда наметавонӣ?
Астахфирулоҳ гўй, шайтонро аз худ дур соз».
Оқил бо азобе ба курсӣ нишасту аз ҷайбаш валидол бароварда ба даҳон партофт. Чун дарди дилаш гузашт, маломати аз қалбаш берун омадаро бори дигар дар тарозуи ақл баркашид, вале оромии зиндагии минбаъдаашро танҳо дар аз байн бурдани “дўсти” Худойназаров дид.
Ниҳоят аз курсӣ бархоста, вориди ошхона шуд ва тахтаи фаршро бо эҳтиёт бардошта латапечи дар зери он пинҳон кардаашро берун бароварда кушод.Тамоми қисмҳои тапончаро кушода аз нав тоза кард ва боз ба латта печонида, ин даъфа онро дар мўзаи кўҳнае гузошта, мўзаро болои токчаи ошхона пинҳон кард.

Зиндагӣ чӣ таззодҳое дорад. Ҳар фард ҳангоми ба дуньё омадан чун коғази сафед бе ғубору бе олоиш аст ва бо мурури замон ба зиндаги худ рангу бори махсус медиҳад. Яке он саҳифа коғазро то охири умр тозаю озода нигоҳ медорад ва аз худ номи неке барои наслҳои оянда боқӣ мегузорад. Дигаре бо рафтору кирдори бад онро доғдор месозад. Барои ба оянда ба назари нек нигоҳ кардан, ҳарду тарафи зиндагии гузаштагони худро омўхтан лозим...
Сорбони Ҳомид бо ҳамин андешаҳо чи тавр ба коргоҳ расиданашро нафаҳмид. То ҳанўз суханони муфатиши прокуратура, ки аз хоҳиш дида, ба супориш бештар шабоҳат доштанд, дар гўшаш садо медод. Муайян намудани ин ҳам омўзиши яке аз паҳлуҳои зиндагист.
Маҳз ҳамин муайянкунӣ ва омўзиши ҳаёти чунин “каҳрамонҳо” ки коғази сафеди зиндагиро олуда ва доғдор сохтаанд ба души ў афтодааст.

пешина
аз 408
навбатӣ