Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омўзиши чунин коғазҳо чи кори сангин ва бори вазнинест ва Сорбони Ҳомидро ғайри иҷрои супориш дигар чора нест. Охир ў худ ин касбро интихоб кардааст.
Сорбони Ҳомид муддати се рўз саҳифаҳои китоби зиндагии қаҳрамонашро варақ зад ва дар интиҳо муайян намуд, ки аз моҳи майи соли 1986 то май соли 1988 аскари қатори Худойназаров Маҳмуд дар яке аз қисмҳои низоми ВКД СССР, дар шаҳри Нижни Тагил хизмат намудааст. Акнун бе муроҷиат ба прокуратураи Нижни Тагил гиреҳеро барои гунаҳкорӣ ва ё бегуноҳии Худойназаров ба даст овардан ғайри имкон буд.
Сорбони Ҳомид аз натиҷаи анҷоми супориши муфаттиш Муҳаббатшоҳ Ғозиев гузориши муффасале навишта, бо пешниҳоди фикру дархостҳои худ ба сардори шуъба пешниҳод кард...
Худи ҳамон рўз Ғозиев қарорро дар бораи гузаронидани ташхиси дактилоскопӣ бо нақши ангуштони Худойназаров ба шуъбаи ташхиси – криминалистии ВКД СССР фиристод. Дар он гуфта мешуд: “Оё нақши ангуштоне, ки барои муқоиса ба ихтиёри шумо фиристода мешавад, дар бойгонии шумо маҳфуз аст ё не? Агар бошад он дар кадом ҳолат чӣ тавр ва аз куҷо ба дастатон афтодааст?
Ў имрўз ба маҷлиси таъҷилии шуъбаи корҳои дохилӣ даъват шудааст. Шахсан худи Қосимӣ бо телефон ўро даъват кард. Ба маҷлиси таъҷилӣ бе асос даъват намекунанд. Ғозиев парвандаи ҷиноятиро варақ зада, баъзе норасоиҳоеро ки бартараф карданашон ҳатмист ба дафтарчаи кориаш навишта гирифт, то ки ба самъи иштирокчиёни маҷлиси таъҷилии милиса расонад...
– Аз рўзи содиршави ҷиноят як моҳу ду рўз гузашт, вале то ҳанўз пешравие дар кор дида намешавад, – баробари сухан гирифтан гуфт Ғозиев.
Аслан ў бояд суханро аз дигар тараф сар мекард, вале баробари он ки Қосимӣ ба ў сухан дод, яку якбора ҳамин хел гуфту монд. Дар пеш нарафтани кор худи ў ҳам гунаҳкор аст охир. Соле пештар ёвари прокурор буд ва дар мурофиаҳои судӣ борҳо иштирок намуда, фикри айбдориро дастгирӣ мекард, вале имрўз ў дар мурофиаи судӣ не, балки дар маҷлиси таъҷилии кормандони милиса, ки чун ў ҳама ҳомиён қонунанд, иштирок дорад ва бояд сабабҳои пеш нарафтани корро бо далелҳои раднашаванда гуфта диҳад ва ҳамчун роҳбари гурўҳи тафтишотӣ роҳҳои ҳали онро пешниҳод кунад...

пешина
аз 408
навбатӣ