Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳли маҷлис хомўш ба ў менигаристанд. Муфаттиш гулу равшан карда суханашро давом дод.
Ў оид ба ҳамаи камбудиҳои дар рафти тафтишоти рухдода сухан гуфта, қайд намуд, ки аз лаҳзаи аввали содиршавии ҷиноят худи ў дар азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба хатогӣ роҳ додааст, ки ҳамаи ин ба рафти тафтишоти минбаъда таъсири манфӣ расонид. Ў роҳҳои бартараф кардани камбудиҳоро пешниҳод кард. Ҳозирон пешниҳодоти муфаттишро ба дафтарҳои кориашон навишта гирифтанд. Дар охир Қосимӣ маҷлисро ҷамбаст карда, ба ҳозирон муваффақияти кор хост...
– Муҳаббатшоҳ Ғозиевич ва лейтинанти калон Сорбони Ҳомид каме сабр кунед, дигарон аз пайи кор шавед, – гуфт сардор.
Чун ҳама рафтанд сардор бо муфаттиш ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нақшаи корҳои таъҷилии ва тафтишотиро бори дигар муҳокима намуда, қисми назарияҳои пешниҳод кардаи муфаттишро барои ба плани таъҷилии ҷустуҷўӣ дохил кардан дастгирӣ кард. Ба Сорбони Ҳомид супориш дод, ки ҳарчи тезтар пешниҳодоти муфаттишро ба план дохил карда, барои тасдиқ ба ў пешниҳод намояд.
– Албатта то омадани хулосаи экспертизаи дактилоскопӣ аз Маскав дастҳоро болои ҳам монда интизор шудан аз рўйи инсоф нест, бе ин ҳам мо вақтро хеле аз даст додем,– гуфт Қосимӣ ва ба суҳбат хотима гузошт...

Светлана Андреевна тайи чанд рўзи дар хонаи Зина буданаш аз хулқу автори апааш, ки муддати се сол охир надида буд, пура хабардор шуд. Махсусан тааҷҷуби ў ҳангоми гўш кардани телефони хонаи собиқ шавҳар бештар гашт ва пурсид, ки аз чунин рафтор ба ў чӣ мерасад?
– Занҳо аслан ягон сирреро дар дил ҷой дода наметавонанд, аз ин рў онҳо камтар ба касалии фишори хун гирифторанд, – гуфт Зина хандида ва илова кард, ки ман ҳам истисно нестам.

пешина
аз 408
навбатӣ