АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ў ҳарчанд кушид, ки сирри телефонро ба касе накушояд, вале натавонист ва ниҳоят ба хоҳараш Света, ки аз ҷон дўсттараш медошт рози дил кард...
Онҳо ки меваи як боғ буданд, дар хулқу рафтор низ себи дукафонеро мемонданд. Светлана ҳам чун хоҳари калонияш моли дунёро мояи ифтихор медонист ва дар давоми бистучор соли умр ба айшу нўши зандагӣ дода шуда, ду шавҳарро тарк карда буд ва ба қавли худаш дар илми муҳаббат мисли оне ки Эйнштейн барои ихтирои “назаряи нисбият” соҳиби мукофоти Нобелӣ гашт, ў низ назаряи худро дошт ва назаряи апааш Зинаро ки Оқил Нуровичро бо шантаж тарсондан мехост, рад намуд.
– Ўро ба ман нишон деҳ он тарафаш ба зиммаи ман, бовиқор гуфт Света ва плани худро ба Зина пешниҳод кард...
– Ту геннӣ, ту Эйнштейн Светаҷон,– хоҳарашро ба оғўш кашида бусид Зина.
– Эйнштейнро ҳам зан – модар зойидааст ва модоме, ки мо занҳо кобилияти ба дуньё овардани чунин нобиғаҳоро дорем, пас чаро дар ақлу идрок аз онҳо қафо бошем?
Зина ҳеҷ гумон надошт, ки кор чунин ранг мегирад ва нақшаи пешниҳодкардаи Света ўро аз таъқиби минбаъда ба Оқил Нуров боздошт.
Онҳо то посе аз шаб гузаштан дар бораи нақшаи амалёти минбаъда гуфтугузор карданд...
Оқил аз кор баромада ба майдончае, ки автомашинааш меистод наздик шуд ва чун сари чанбараки рул нишаста моторро ба кор даровард, духтараки мавзунқомате, ки мўйҳояш тамоми тахтапушташро мепўшонданд аз паҳлуи “Волга”– и ҳанўз ба ҳаракат надаромада гузашта пурсид:
– То марказ аз куҷо савор шудан мумкин?
Оқил лаҳзае ба қомати мавзуни духтарак нигариста аз дил гузаронд, ки пулҳои аз ғайб омадаро агар сарфи чунин таннозҳо кунад, магар беҳтар нест?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор