АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Нигор хост боз баргашта гурезад, вале дастони шахшўли тағояш ба гурехтанаш монеъ шуданд…
Ҳатто Хумор, ки ҳанўз дар синфи шашум мехонд, гиря карда гуфт, ки дигар ба мактаб намеравам, чунки ҳамсинфонам маро барои Нигор шуда таъна мезананд.
– Кошки моҳӣ мешудам, – дар ҳамон лаҳза аз дил гузаронд Нигор. Дар пеши хонаи Нигор дарёчаи шўхе мегузашт ва Нигор қариб ҳар рўз ҳаракати гулмоҳиҳоро дар он оби муссафо тамошо мекард. Умуман ў медид, ки ҳарчанд моҳичаҳо обро ду ним карда раванд ҳам, вале лаҳзае пас дар дарёча аз онҳо нишоне намемонад. Яъне об нақшаи моҳичаҳоро гум мекунад.
Вале одамӣ ба куҷо, ки равад нақши пояш мемонад ва ҳамин чиз боиси баҳсу мунозираи мардум мешавад.
Мардум ҳам ўро ҳамроҳи Фирдавс борҳо дар лаби ҳамин дарёча дида буданд ва ниҳоят ин гап ба гўши падару модараш расиду боиси гапу калочаҳои зиёдатӣ низ гардид…
– Кошкӣ моҳӣ мешудам, дар куҷо буданашро аз ёд бароварда,– гуфт Нигор.
– Чӣ гуфтед , –пурсид милитсионер.
– Чӣ гуфтам?
– Гуфтед кошкӣ моҳӣ мешудам…
– Ҳа ҳамин хел, як воқеа ба ёдам омад, – гуфт ҷавонзан ва боз ба андешаҳои худ дода шуд.
«Ҳеҷ намефаҳмам, чаро милиса хонаи Хуморро назорат мекардааст. Охир ману Расулро дар ин ҷо паша ҳам надидааст, хайр агар дида бошад чӣ? Аз Зариф бе ин ҳам ман мақсади ҷудошавӣ дорам. О, ман ноболиғ нестам, ки ба Расул гап расад.
Ҳоло ман зани комилҳуқуқам, шаҳди зиндагиро чашидан мехоҳам, ё милиса бекор монда аз қафои дилдодагон назорат мебарад. Ҳа, дар ёдам омад. Охир ману Расул борҳо дар балкони хонаи Хумор дар оғўши ҳамдигар будем, шояд ягон бадбине моро дида бошад ва акнун барои Зариф «хушхабаре»
тайёр намудааст. Чӣ хел замин чунин махлуқҳои хабаркашро бардоштааст. Охир онҳо агар хабар накашанд, торс кафида мемуранд.»
… Ишқ, ишқ аст ва Нигор ҳам моҳе пас мушти обдори модар, гиряи Хумор ва сарзанишҳои падарро фаромўш кард.
Ба мактаб мерафтагӣ шуд ва ҳатто нисбат ба солҳои пештар беҳтар мехонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё