АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Гоҳ – гоҳ шабона бо Фирдавс ҳам вомехўрд ва натиҷаи ҳамин вохўриҳо буд, ки як моҳ пеш аз тамомкунии мактаби миёна холааш Суман дар рўяш доғҳо дид…
Суман, ки аз гармию сардии зиндагӣ бохабар буд, фаҳмид, ки агар чорае наҷўяд, апаи бечорааш (модари Нигор) шармандаи ин дунё хоҳад шуд. Аз ин рў бо апааш гапро пазонда дар набудани падар Нигорро ба назди дугонааш Фазилат, ки дар таваллудхона ҳамшираи шафқат шуда кор мекард, бурд…
Фазилат кўдакро аз батни Нигор гирифт. Ҳарчанд ин амалиёт берун аз муасиссаи тиббӣ бо роҳи пинҳонӣ анҷом дода шуд, вале миш–миш дар байни мардум монд…
Баъди ин ҳодиса Фирдавс аз Нигор канорҷўӣ кард ва моҳи июн вақте ки ўро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд, ҳатто бо Нигор хайрухуш накард…
Баъдтар Нигор боз шарму ҳаёро пеши по зада ба номи Фирдавс мактуби пур аз сўзу гудоз фиристод, вале аз он тараф ҷавобе наомад… Ў бошад менавишту менавишт. Ниҳоят писари ҳамсояашон, ки ҳамроҳи Фирдавс хизмат мекард, ба рухсати хизматӣ омаду суханони Фирдавсро ба гўши ў расонда тарбузро аз бағалаш афтонид…
Ҳамин тавр ишқи авали ў мисли боде гузашта рафт ва касе ба дари хонаи онҳо дигар ангушт назад…
Фирдавс ҳам аз армия баргашта духтари ҳамсояи онҳоро, ки ҳамсинфи Хумор буд, ба занӣ гирифт. Соле пас Хумор ҳам ба шавҳар баромад…
Ниҳоят дар синни бисту се солагӣ марде, ки занаш ҳангоми таваллуди фарзанд олами ҳастиро падруд гуфта буд, ба талаби ў баромад. Ин мард Зариф буд. Ў аз зани пештарааш ду фарзанд дошт, ки хушдоманаш онҳоро ба тарбияи худ гирифта буд…
Баъди даҳ моҳ ин «меваи пухта расида» аз Зариф тифле ба дуён овард. Вале ин ҳам дили ўро ба шавҳар гарм накард…
Нигор ки зиндагӣ ба рўяш нахандида буд, ҳамеша қасди онро дошт, ки қасди хешро аз зиндагӣ ситонад ва чунин рўз ҳам бо мурури замон фаро расид…
Шиносоиро дар Хоҷаобигарм бо олими соҳаи физика, яке аз «дастовардҳои бузурги солҳои дар зиндон» (дар қайди никоҳ) буданаш меҳисобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё