АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Навбатдори милиса лейтенанти калон Наботов гўш мекунад.
Прокурор баъди салому ҳолпурсӣ аз навбатдор пурсид, ки оё муфаттиши онҳо Қурбонзода дар милиса нестанд.
– Он кас ҳамин ҷоянд, ҳоло Шуморо пайваст мекунам.
– Сорбони Ҳомид гўшакро бардошта, сипас онро ба Қурбонзода дод.
– Хуб шудааст, ҳозир меоем, – гуён Қурбонзода гўшакро ба ҷояш гузошта , ба тарафи Сорбони Ҳомид нигариста гуфт:
– Рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба назди шеф.
– Шефи мо маро ҷеғ назадааст, модоме ки шефатон Шуморо ҷеғ задаст, худатон равед
– Прокурор шефи ҳама.
– Сараввал вай шефи Шумост, мо бошем болои сарамон як соябон дорем.
– Хез, рафтем, охир худат шунидӣ, ки шеф таъкид кард, ки бачаи бобаро ҳам ҳамроҳат гирифта биё.
– Зиёфат доранд? – хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
– Шояд.
– Якум, ки Шумою шефатон аз мо қарздор, барои ҳамин намеравам.
– Чӣ хел қарздор?
– Ҳамин хел қарздор, рўзи чоршанбе дари хонаи Иброҳимовро мо кушодем– ку. Бе розигии шефат, яъне кори ўро осон кардем, вале то кунун аз зиёфаташон дарак нест.
Шумо бошед ҳамроҳи Соиб Сулаймонович ба даҳон об гирифта гаштаед.
– Агар ҳозир Соиб Сулаймонович зиёфат надиҳад, шояд ман зиёфат ташкил мекунам. Хезед, рафтем.
– Даст деҳ!
Маҳмуд Қурбонзода даст дод. Ҳар ду берун баромаданд…
– Хайрият овозатонро мешунидаем, ба фикрам домуллоро дида ҳушатон рафт, – баъди салом гуфт Муллоев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё