Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Вохўрдан лозим.
– Тенҷӣ – мӣ?
– Ин гапи телефонӣ не.
– Имрўз омада наметавонам.
– Илтимос, илоҷе карда биё, ҳамагӣ чанд дақиқа.
– Танҳо баъди кор.
– Майлат, ман розӣ. Соати 18 – 00 дар истгоҳи «Ватан»
вомехўрем.
– Хуб шудааст, – гўён ў гўшакро ба ҷояш гузошта ба андеша рафт:
– Чӣ гап шуда бошад? Наход он мўйсафеди аробакаш маро дида бошад? Наход?! – Не, ин ҳеҷ мумкин нест, дар он лаҳзаҳо ў ба тарафи мо нигоҳ надошт. Вақте ки Давлат оҳу фиғон бардошт ман аллакай хона даромада будам ва ба гумон аст, ки вай дар садои ин қадар мошин овози ўро шунида бошад. Чаро Нигор ба вохўрии таъҷилӣ таклиф кард? Мабодо сир ошкор шуда бошад Бо ин андешаҳо чор девори бетонӣ барояш мисли қафас намуд. То соати 18 боз се соат вақт буд. Ва интизорӣ барояш баробари ҷон кандан. Берун баромад. Дар саҳни институт касе ба назар наменамуд. Бинои институт, ки навсохт буд, дарахтони сояафкан ҳам надошт, ки сари хеш паноҳ барӣ. Ў дар саҳни беруни институт ҳам барои худ ҷой нишаст наёфт.
Дар хурдӣ, ки ниҳоят бачаи шўху бесар буд, модараш ҳамеша аз ҳамсояҳо аз рўйи ў гап мешунид ва аз толеи бади худ чунин шикоят мекард: «Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад»...
Тайи шаш рўзи охир ў хобухўрро ҳам фаромўш намуда буд.
Ҳар қадар худро ба кор андармон месохт, вале фикрҳои гуногун майнаашро ба шўр меовард. Ба назар чунин мерасид, ки фишори хунаш баланд шудааст, ҳатто се маротиба дар ин байн фишори хунаш баланд шуд ва ба бевақтии шаб нигоҳ накарда Рухшона духтур ҷеғ зад.
Духтур таъкид кард, ки ором шавад, вале ин ба гуфтан осон. Магар ҳамаи ин азоби рўҳиаш кам буд, ки боз Нигор ўро ба андешаҳои нав водор сохт. Ҳис кард, ки сараш аз шиддати дард торс мекафад ва аз кисааш доруеро ки духтур барояш тавсия дода буд, гирифта ба даҳон андохт...

пешина
аз 408
навбатӣ