АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Модар омад ва баробари торик шудан падараш ҳам аз кор баргашт ва ба қавле миссияи Ситора анҷом ёфт. Онҳо қариб то посе аз шаб гузаштан суҳбат намуданд.
Тахминан соатҳои ёздаҳ, падараш аз меҳмонхона баромада модарашро ба ошхона ҷеғ зад ва ҳарду хело суҳбат карданд.
Ниҳоят падар боз ба назди меҳмонҳо рафт ва модараш ўро ба ошхона ҷеғ зад чунки дар хонаи шафт додараконаш хоб буданд ва аз мақсади омадани меҳмонҳо ўро огоҳ сохт ва фикри духтарашро фаҳмиданӣ шуд.
Ў ҳатто дар лаҳзаи аввал кӣ будани талабгорашро нафаҳмид.
– Як таҷрибаомўз будаст – ку аз фанни физика ба шумо дарс мегуфтааст. Давлат Боқиев, ба фикрам дадот номашро ҳамин хел гуфт.
Дар як замоне симои он таҷрибаомўзи шармгин пеши назараш омад. “Охир ў ҳатто боре ҳам дар ин бора ақалан сухане нагуфта буд”– аз дил гузаронд Ситора. Акнун чӣ гўяд?
Модоме ки Шоҳ тақдирашро ба дасти падару модараш ҳавола кардааст, магар Моҳ метавонад худаш пешдастӣ карда ҳа гўяд?
– Чаро ба даҳонат об гирифтӣ? – гап зан магар аз Норак ба ин ҷо омадан осон аст. Охир ў муаллими шумо буд ва шояд гапро бо ў пазонда бошӣ, – сахт карда гуфт модар.
– Бовар кун очаҷон, ман бо он кас ҳатто гап ҳам назадам.
Дар ҳақиқат ду– се маротиба ба назди тахтаи синф баромада дарсро ҷавоб додам, вале аз баҳои се зиёд нагирифтам, бовар накунед, ана рафта рўзномаамро ҳам бинед.
Модар дар он лаҳза чун милиса дар назараш тофт. Ҳамаро донистан мехост. Фаҳмидан мехост, ки чаро таҷрибаомўз аз байни чорсад талабаи мактаб, ки нисфаш духтаронанд, ба хонаи онҳо хостгор фиристодааст? Чаро ба хонаи Шарофат ё Зўҳро, ки аз ҳама зеботаранд нею маҳз ба хонаи онҳо? Шояд дар ин ҷо зери коса нимкосае бошад.
– Бовар кун оча, байни мо ягон гап набуд, аз он чӣ ки хостгорҳо ба хонаи мо омаданд, ман аз мурдани худ дарак дораму аз омадани онҳо не. Беҳтараш худатон рафта аз онҳо пурсед, ки чаро он таҷрибаомўз маҳз хонаи мо хостгор фиристодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё