Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар ба ў бовар кард.
– Хайр ба хостгорҳо чӣ гўем? Рафту ягон каси дигарро ту нағз дида бошӣ? – каме мулоим шуда гуфт модар. Бубин онҳо худи директори мактабатон Мискиновро кафил карда овардагӣ.
Ситора фаҳмид, ки агар не гўяд ин баробари он аст, ки бахти хешро пеши мо занад, чунки ҳамаи духтарҳо орзуи чунин шавҳареро чун Боқиев доштанд. Ниҳоят ў сар ба зер афканда гуфт:
– Ҳар чӣ гўед ихтиёр шуморост оча ва ба хонаи шафат рафт.
Боз падараш аз назди меҳмонҳо баромад ва ҳамроҳи модар чанд дақиқаи дигар суҳбат карда ба меҳмонхона рафт.
Тахминан соатҳои дувоздаҳ меҳмонҳо ҳамроҳи Мискинов хестанд ва ў чанд сухани канда кандаи онҳоро шунид…
– Моро ки ба хешӣ қабул кардед, иншоолоҳ кўшиш мекунем, ки ҳамеша дар хизмататон бошем…
Вақте ки падару модараш меҳмонҳоро гусел карданд овози падарро шунид, ки ба модараш мегуфт:
– Канӣ Ситораро ҷеғ зан!
Ў аз шарм сарашро таги кўрпа кард ва модар дарро кушода аҳволи духтарашро фаҳмид, ки ба ҳамсараш гуфт:
– Ситораро хоб бурдааст, бигзор хоб равад…
Падар дигар чизе нагуфт ва дари хонаи дигар кушода шуд.
Ситора фаҳмид, ки падару модар ҳам ба хонаи хоби худ рафтанд.
Он шаб ў то саҳар мижа таҳ накард ва симои он таҷрибаомўз аз пеши назараш дур нашуд. Умуман, бахт он шаб ўро дунболгир буд. Пас аз як сол ў ва Давлат издивоҷ карданд.
Баъди ду соли тўяшон Замира ба дунё омад. Хушбахтиашонро ҳаду канор набуд. Сайёду Парвиз таваллуд шуданд, вале Давлат беаҳдӣ карда тарбияи се тифли кўчакро ба дўши ў гузошта, худ бо дунёи ҳастӣ, ки пур аз шўру мағал аст падруд гуфта, манзили хомўширо интихоб кард.
Марде вориди утоқи кории Сорбони Ҳомид шуд ва риштаи хаёлоти ўро барканд.

пешина
аз 408
навбатӣ