АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Бори дуюм буд, ки бо ин мард рў ба рў шуд Ситора.
Даъваи аввал дар назди ташхисгоҳи тиббии судӣ ва дуюмбора ин ҷо, дар милиса.
– Ин кас муфаттиши прокуратураи ноҳия Маҳмуд Қурбонзода, – шахси нав ба утоқи кориаш воридшударо муаррифӣ кардани шуд соҳиби утоқ.
– Медонам.
– Бубахшед, ки Шуморо боз ташвиш додем, – гунаҳкорона гуфт муфаттиш.
– Баръакс ман хоҳони онам, ки ҳақиқати ҳолро фаҳмам.
Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро худораҳматӣ падари Замира аз ҷои ба фурудгоҳ рафтан, ба тарафи муқобили он ба кўчаи Беҳзод рафтааст.
– Мо ҳам ҳоло ягон чизро намедонем. Вале аз рўи якчанд назарияҳо кор карда истодем.
– Ман аниқ гуфта метавонам, ки дар марги ў танҳо мард гунаҳкор аст ва агар дар ин бора Шумо занро ҷўед, ба гумон аст, ки ягон натиҷаи дилхоҳе ба даст оваред.
– Аз куҷо чунин худбоварӣ?
– Ман чӣ гуфтанама медонам. Барои худораҳматӣ оила ҳамеша муқаддас буд ва ў ба оила чун ба маъбад эътиқод дошт.
– Охир ҳамаи мардҳо дар асл ҳамин хел мегўянд, вале…
– Дар ин ҷо бо Шумо ҳамақида буда наметавонам ва ҳеҷ гоҳ худораҳматӣ мисли он мардҳои Шумо гумон мекардагӣ набуд…
Муфатиш боз ба Боқиева якчанд саволҳо дод ва ба ҳар кадом саволи хеш посухи муайян гирифт.
Чун Боқиева ба протоколи пурсиши шоҳид, ки баъди навиштан онро хонда баромада имзо гузошт, бори дигар илтимос кард, ки умед дорад ба чашмони қотил, ки се фарзанди ўро бе падар намудааст нигарад…
– Ҳамаи чораҳоро меандешем, то қотил ба курсии судӣ нишинад...
Нигор тамоми шаб қариб мижа таҳ накарда, баробари дамидани чашми рўз аз ҷой бархест. Танҳо баъди тайёр намудани субҳона шавҳарро бедор кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё