АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Умуман, тайи чанд рўзи охир Нигор нисбат ба шавҳар бисёр меҳрубон буд. Зариф ҳамаи инро аз ҷанҷоли рўзи аз Тошканд баргаштанаш арзёбӣ мекард.
– Хайрият ўро ба ҷояш шинондам вагарна,... – гуфт бо худ.
Вақте ки шавҳар дар байни андешаҳои худ буд Нигор дар ёди дигаре «шино» мекард. Тамоми шаб ба ғурури баланди дирўзааш, ки барои ба Расул занг заданаш муқобил баромад лаънат хонд.
– Имрўз ҳатман телефон мекунам, аз дил гузаронд ў ва ба назди шавҳараш омада бо ноз пурсид:
– Имрўз Хумор меояд. Чӣ кунем? – дадои Фирўзҷон.
– Ҳеҷ чиз, дар хона нишастан гиред, агар биёяд ҳатман занг мезананд, пас ягон илоҷ мекунем.
– Ба фурудгоҳ наравам?
– Не, ба фурудгоҳ рафтан лозим нест. Хумор майда нест, ки роҳи хонаашро наёбад.
– Гап дар ёфтан ё наёфтани хонааш нест.
– Ман худам ба фурудгоҳ меравам.
– Ман чӣ?
–Майлат, як соат – ним соат пеш аз ба фурудгоҳ омадани самолёт ронанда омада туро ҳам мебарад.
– Беҳтараш ман худам равам чӣ?
– Чаро вақтро беҳуда сарф мекардаӣ?
Занги дар садо доду Нигор рафта онро кушод.
– Ба шеф гап занед, ки ман омадам, – гуфт ронанда Карим ва аз пеши дар пас гашт.
– Хайр ман рафтам. Соати понздаҳ Карим меояд,– гўён Зариф аз хона баромад.
Фирўз ҳамоно хоб буд. То ба ҷойи кори Расул телефон кардан ҳоло барвақт. Кошкӣ худи сайёд ёди сайдаш мекард.
Вале сайёд хомўш буд. Ниҳоят ў Фирўзро барои боғчаравӣ бедор кард ва либосҳояшро пўшонида ба боғча бурд.
Сари қадам ба тарафи муқобили роҳ гузашта, ба Муллоев занг зад…
Вазъи сайёд аз сайдаш беҳтар набуд. Ў фаҳмид, ки
ташрифи милисионер ба коргоҳ бесабаб нест. Инаш кам буд магар, ки худи Камолиддинов дирўз ним соат бо ў суҳбат кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё