ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ногаҳон маҳви осмон гардад,
Ғарқи ин баҳри бекарон гардад.
Ин қадар фикри шоирона макун,
Даст бар домани хаёл мазан.
Сайри афлок соҳирона макун,
Таъна бар арсаи камол мазан.
Ту зи асрор чун наӣ огоҳ,
Жола, бояд сухан кунӣ кӯтоҳ.
МОҲИ НАВ
Эй Моҳи нав ба гунбади мино чӣ мекунӣ?
Болои чарх хаставу танҳо чӣ мекунӣ?
Дар пушти абр чеҳраи камнури хешро,
Гоҳе ниҳону гоҳ ҳувайдо чӣ мекунӣ?
Аз ахтарон канора гирифтӣ зи баҳри чӣ?
Дар он фазои дилкаши зебо чӣ мекунӣ?
Эй шамъи тобнок, аз он қасри нилгун,
Бо нури хеш рахна ба дилҳо чӣ мекунӣ?
Имшаб чароғи кулбаи вайрони кистӣ?
Моро ба хоки тира тамошо чӣ мекунӣ?
Эй нури пок, коҳиши ҷонат зи баҳри чист?
Чун ошиқи фалакзада он ҷо чӣ мекунӣ?
Гар нестӣ чу Жолаи дилдода дардманд,
Розу ниёз бо дили шайдо чӣ мекунӣ?
МОҲ ГИРИФТ
Дӯш рухсори осмонии Моҳ,
Ки фурӯзанда буду нурафшон.
Гашт ногоҳ ҳамчу оташи сурх,
Сурх ҳамранги лолаи бӯстон.
Баъди сурхӣ сиёҳ гашт рухаш,
Сияҳ, оре, чу бахти ғамзадагон.
Осмон гашт бас шигифтовар,
Ахтарон ҷумла волаву ҳайрон.
Ларза афтод бар тани Парвин,
Дар паси кӯҳи Зуҳра шуд пинҳон.
Ин яке чашмаке бад-он мезад
В-он дигар буд зору саргардон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё