ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чеҳраи Моҳ менамуд аз дур,
Ҳамчу оянда ошкору ниҳон.
Фақат аз нур он наворе монд,
Ки ба домони чарх буд аён.
Нимашаб он вуҷуди нуронӣ,
Зад зи андуҳ оташам бар ҷон.
Жола, дар ҳайратам, ки Моҳ гирифт,
Ё дили чарх дуди оҳ гирифт?
САГИ ЗЕБОИ МАН
Саги зебои ман, эй мазҳари меҳр,
Ту медонӣ, маро ороми ҷонӣ.
Бувад қалбат зи сири ишқ огоҳ,
Аз ин рӯ меҳрубону нуктадонӣ.
Қаноат мекунӣ бо порае нон,
Зи ҷастухезу бозӣ шодмонӣ.
Либосат махмали нарми сапед аст,
Ба зебоӣ ту ҳамчун дилбаронӣ.
Ту бо он чашми шӯхи дилфиребат,
Сухан гӯӣ, агарчи безабонӣ.
Маро дар кӯҳу саҳро раҳнамоӣ,
Маро дар хона шабҳо посбонӣ.
Занӣ сад бӯса бар поям шабу рӯз,
Вафодорӣ, ту бо ман меҳрубонӣ.
Дурахшад субҳдам рӯят зи шодӣ,
Ту фориғ аз ғаму дарди ҷаҳонӣ.
ИШҚИ БЕҲОСИЛ
Ёди он рӯз, ки аз чашми ту пинҳон кардам,
Он ҳама ашк, ки оҳиста ба домон кардам,
Шикваҳо з-ин дили шайдои парешон кардам,
Ваҳ, ки ман ҳам чӣ қадар нолаву афғон кардам.
Чӣ қадар ашки ғам аз дида намудам ҷорӣ,
Чӣ қадар ранҷу маҳан дидаму кардам зорӣ.
Ёди он рӯз, ки саҳрои дилам гулшан буд,
Гулшане тоза, ки ғарқи суману савсан буд,
Партави Моҳи шабафрӯз чароғи ман буд,
Чашми пурахтарам аз моҳрухе равшан буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё