Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мутриб бинавоз,
Оҳанги дигар,
Ояндаи мост
Як ранги дигар.
Сад ҷуръа бинӯш
Аз ҷоми талош,
Тират чу хӯрад
Бар санги дигар.

Дар дил магузор,
Ғам хона кунад,
Ғамхонаи дил
Вайрона кунад.
Бигшо дари дил
То мурғи умед,
Ҳам нағма занад,
Ҳам лона кунад.

Бархезу бихон,
Ин нағмаи ман,
Бо ёди Ватан,
Бо ишқи Ватан.

ПАРАНДА

Паранда ташнаи нур асту ошиқи овоз,
Гулест шоду шукуфта, ки мекунад парвоз.
Паранда нағмасарост,
Таронаҳои паранда навои шодии мост.

Парандаро накушем,
Парандаҳои ғазалхону зиндаро накушем,
Ки бе паранда замин аст бенавову пареш,
Ба якдигар бирасонем ёриву уммед,
Ки ҳар касе шунавад нағмаи парандаи хеш.

АБР ВА ХУРШЕД

Мешавад ҳар лаҳза як ранги дигар рӯйи замона,
Осмон дирӯз абрӣ буду гирён,
Ман ғамин аз ашки борон,
Лаҳзае дигар дар оғӯши ҳавопаймо чу дидам,
Зери поям абри гирён асту болои сарам Хуршеди хандон,
Пеши худ гуфта чаро наздикбин будам,
Ғамин будам,
Дар куҷо ман дидаам абре, ки бошад ҷовидона?
Мо агар боло нигаҳ дорем сарро,
Гар бибинем осмони дуртарро,
Дар паси торикии абри гурезон,
Офтоби равшан асту коиноти бекарона.

ҶАВОҲИРЛАЪЛ НЕҲРУ

пешина
аз 263
навбатӣ