Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷавоҳирлаъл Неҳру
Ҳамосаи озодии ҳинду,
Насиби номи ҷовиди шумост,
Дирафши кишвари озодмардон,
Фарози қуллаи Ҳимолиё шуд.

Шумо бо душманон пайкор кардед,
Шумо як миллат эъҷозгарро
Раҳо аз чанги истеъмор кардед.
Мусаддиқ ҳам ҳамоҳанги шумо буд,
Мусаддиқ пайки озодии мо буд.

Шабе дар Исфаҳон бишнидам инро,
Ки ҳар кас Ҳиндро як бор бинад,
Бихоҳад ин қадар ин сарзаминро,
Ки ё дар Ҳинд,
Ё андар раҳи Ҳинд
Ва ё дар орзуи ӯ бимирад.

Дили пурормонам дергоҳест,
Суроғи Ҳинди волоро бигирад.
Бирақс, эй духтари зебои ҳиндӣ,
Дурахшон кун нигоҳи оташинро.
Биханд, эй офтоби Ҳинди озод,
Шукуфон кун, зарафшон кун заминро,
Бихон, эй Ганг— эй Ганги муқаддас,
Суруди тозаи асри навинро.

Ҷавоҳирлаъл Неҳру!
Шумо поянда дар Ҳиндустонед.
Шумо чун нағмаи Тогӯру Иқбол,
Дар он мулки тавоно ҷовидонед.

ЗАН ВА ДАРЁ

Зане аз паллаҳо ором пойин рафт,
Ба сӯйи паҳнаи дарёи ноором,
Ба рӯйи сангҳои соҳиле зад гом,
Расид он гаҳ лаби дарё,
Лаби дарё кафолуда.

Зани танҳо,
Қадам бигзошт рӯйи мавҷҳо бар синаи дарё
Ва ҳамчун бодбони нуқраӣ аз сатҳи дарё рафт.
Намедонам куҷо рафт он зан?
Он ҷо рафт,
Ки дарёву уфуқ ошуфта дар оғӯши ҳам буданд
Ва обу осмон осуда аз шодиву ғам буданд.

Чароғи Моҳи нав болои дарё буд,
Зи пушти абрпора ахтари камранг пайдо буд.

МАРД ВА ДАРЁ

пешина
аз 263
навбатӣ