Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лаби дарёи туфонӣ,
Нишаста рӯйи санги соҳиле марде,
Фурӯ бастаст чашмашро,
Кунад оҳиста бо худ замзама,
Зи як андешаи жарфе, зи ишқе, ё ки аз дарде.

Чӣ ҷонфарсост ҳангоме,
Ки инсон бар ғурури хеш метозад,
Ки онро бишканад, то лонае созад,
Миёни ботлоқе,
Ё ки дар боғе.

Чӣ дардовар бувад вақте,
Ки инсон бо муҳити худ намесозад,
Ки ҷонаш доимо ҷӯёи тағйир аст,
Вале ҳар ҷо равад нобурда мебозад.

Дар он лаҳза, ки ҳангоми дигаргунии тақдир аст,
Ба ҷанги сарнавишт омода бояд рафт,
Ки шояд лаҳзае дигар дигар дер аст.

Ва дарё мекунад ғавғо
Ва меларзад тани дарё
Ва дарёи барошуфта ҳуҷум орад ба соҳилҳо.

Саросема зи ҷо он мард бархезад,
Занад фарёду бо дарё даромезад,
Ки дарёро диҳад дар синаи худ ҷо
Ва хашми поки дарёро барад бо худ ба сангарҳо.

ОТАШ ВА ОРЗУ

Субҳи хокистариранг,
Боди сарди биёбон,
Бар сари теппаҳо тарҳи мардон,
Сусту дилтанг.
Гомҳо гомҳои бетакопӯ,
Пойдориву хорӣ ҳамоғӯш,
Дар ба дар сояи ғайрату нанг.
Дараҳо меҳгирифта,
Абрҳо рехта бар сари кӯҳ.
Шеҳаҳои асбҳо ваҳшию шум,
Куштаҳо то абад хуфта хомӯш.
Ранҷҳо - хок,
Размҳо санг.

Зери хокистари ҳамчу симоб,
Ахгаре лолагун медурахшад.
Рӯйи пешонии марди ҷангӣ,
Чашмаи сурхи хун медурахшад.
Нури навзод оташи тез аст,
Захмии ғарқи хун нимхез аст,
Оташу орзу ҳарду бетоб.

пешина
аз 263
навбатӣ