ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Марав дар паси абр, эй Моҳи тобон,
Мапӯшон рухи худ аз ин дилрамида.
Биафшон фурӯғе зи рӯйи дурахшон,
Ба сӯйи мани хастаи ранҷдида.
Зи торикии шаб дилам тор гашта,
Зи бахти сияҳ хотирам зор гашта.
Надонам, чаро серам аз зиндагонӣ,
Чаро имшаб, эй Моҳ, зору ҳазинам?
Ба ғам бигзарад рӯзгори ҷавонӣ,
Аз ин рӯй бо дарду меҳнат қаринам.
Зи бас орзу дар дилам ҷилвагар шуд,
Вуҷудам зи по то ба сар пуршарар шуд.
Биё, бишнав, эй Моҳ, розу ниёзам,
Бибин чун дар ин ҷисми хокӣ асирам.
Биё, партав афкан ба сӯзу гудозам,
Хато гуфтам, эй Маҳ, макун сарбазерам.
Бирав роҳат аз Жолаи нотавон шав,
Бирав дур аз ин пуршарар хокдон шав.
БАРФ
Чун зи чашми сипеҳр мерезад,
Чист ин донаҳои марворид?
Осмон ашки меҳр мерезад,
Ё фишонад сиришк ишқу умед?
Чӣ хабар шуд, ки чархи миноӣ,
Ин қадар нуқра бар замин пошид?
Гар арӯси чаман набуд дарахт,
Зи чӣ пӯшид ҷомаҳои сапед?
Осмон риштаи гуҳар бигсаст,
К-ин қадар дур ба рӯйи ҳам ғалтид.
Ё магар боз навбаҳор омад,
Ки шукуфа ба шоха гашт падид?
Барф борид, ё фариштаи сулҳ,
Боли симин ба рӯйи боғ кашид?
КАНОРИ ДАРЁ
Ин манзари дилфиреби дарёст,
Ё саҳфси поки осмон аст?
Ин нағмаи Барбати Накисост,
Ё об ба нолаву фиғон аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё