ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Баргӯй магар биҳишт ин ҷост,
К-ин гуна манозираш дилорост?
Дарё зи чӣ рӯй хашмгин аст,
Баҳри чӣ лабаш бувад кафолуд?
Дилсахту маҳибу пур зи кин аст,
Меғурраду хезад аз сараш дуд.
Чун пили инонгусаста бошад,
К-ӯ дидаи раҳм баста бошад.
Бар санг занад чаро сари хеш,
Гаштаст магар зи умр безор?
Бас оҳ кашад зи сина реш,
Бас нола барорад аз дили зор.
Дорад магар ӯ ҳавои ҷонон,
К-ин сон шуда хаставу парешон?
З-амвоҷи латифи симпайкар,
Пурчин шуда домани тари об.
В-он об гирифта лутфи дигар,
Дар партави дилфиреби Маҳтоб.
Соҳил хушу дилнавоз бошад,
Манзилгаҳи аҳли роз бошад.
Боде, ки вазад зи тарфи дарё,
Ҷонпарвару сарду мушкбез аст.
Биншин ба канори баҳр, к-он ҷо
Хокаш ба яқин нишотхез аст.
Аз оташи ғам дили парешон,
То чанд бувад чу шамъи сӯзон?
Зебост шабе канори соҳил,
Бар санги шикастае нишастан.
Дидан ҳама аз даричаи дил
В-аз фикри замона дида бастан.
Якчанд ба фикри хеш будан,
Ғофил зи дили пареш будан.
Ин оби равон ба безабонӣ,
Донӣ, кӣ диҳад чӣ панди пурсуд?
Гӯяд: Сипарист зиндагонӣ
В-ин умри азиз бигзарад зуд.
То фурсати кору кӯштӣ ҳаст,
Зинҳор мадеҳ ту вақт аз даст.
ЁД ДОРӢ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё