ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

ЧӢ ШУДЕМ?
Шудем машъали сӯзанда, то напиндоранд,
Чу барқ шуъла кашидему нопадид шудем.
Чу он ситорае, ки ларзид то сапедаи субҳ,
Шаби сиёҳ ба сар бурда рӯсафед шудем.
На тоҷи Зуҳра, на зуннори зарнигори Зуҳал,
Шарорае, ки зи афроза сар кашид, шудем.
Ба коми тираи худкомагон шарори шаранг,
Ба ҷоми равшани озодагон набид шудем.
Зи шавқи дидани дарёву он раҳоиҳо,
Чу қатрае, ки зи абре фурӯ чакид, шудем.
Мазори мо, ки шавад соясори чилчилаҳо,
Гувоҳи мо, ки паёмовари навид шудем.
Ба санглохи гаванзори тафта рӯидем,
Ниҳоли нағмаи гулбутаи умед шудем.
ОЙИНАИ ОЙИНАҲО
Дар ин ойинаҳои равшану торики ойинҳо,
Чӣ пӯшида ба рақс оранд зебои ҳақиқатро,
Ту, эй андешаи огоҳ,
Даруни сояҳо маншури нурам кун,
Маро дарҳам шикан, ҷоми булӯрам кун.
Лаболаб аз шароби ноби бедорӣ,
Бурун аз пардаи авҳоми хоболуди мастона.
Ниҳеби баҳман аст, ин ки
Фурӯ мерезад аз болои кӯҳсорон
Ва моро мебарад бо худ,
На афсун асту афсона.
Башар аз тайфҳои осмон,
Ҳардам фаротар мекунад парвоз
Ва ман дар гӯшаи хона,
Дилам пар мекашад сӯйи фазоҳову фаросӯҳо.
Намегунҷам дигар дар ҷомаҳои кӯҳнаи пешин,
Ки тарроҳи замон ҳар рӯз тарҳи тозатар дорад,
Чӣ медонам,
Чиҳо дар зери сар дорад?
Гузашта сарзамини дигаре буду ман он ҷо одаме дигар,
Ҷаҳон имрӯз як ранги дигар дорад,
Уфуқ хокистариву сурху обӣ нест,
Ҳазорон рангу рози шуълавар дорад,
Ки бояд дид дар ойинаи навсози навоин.
ҶАНГАЛ ВА РӮД

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо