ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Гуфт ҷангал ба рӯди хурӯшон,
Кошки чун ту будам,
Рӯзу шаб дар сафар, дар тамошо,
Роҳии паҳнаи поки дарё,
Бистари равшани об.
Дар тани зиндагӣ,
Ҷони пуршӯри бетоб.
Нури фирӯзафоми равона,
Ҷории ҷовидона.
Ман чиам?
Як асири замингир,
Дар сукути абад,
Мешавам пир,
Мешавам зард,
Мешавам хушк,
Мешавам мушти хокистари сард,
Дер ё зуд!
Рӯд фарёд зад:
Ҷангали хобу бедор!
Кошки ман ба ҷойи ту будам.
Хилвате доштам аз зулоли зумуррад,
Дар чароғони шабҳои Маҳтоб,
Будам ойинадори баҳорон,
Соясорони меъоди ёрон.
Сарнавишти ту
Ҳарсола аз нав дамидан,
Саргузашти ман аз худ рамидан,
Саросема доим давидан,
Давидан,
Давидан.
З-ин ҳама кӯчиву раҳсипорӣ,
Ман чӣ дорам,
Ба ҷуз пучиву беқарорӣ?
Ваҳ, ки як лаҳза ҷонам наёсуд!
Ҳеҷ касро хабар,
Аз дили дигаре нест.
Кист гӯяд,
Ки он раҳгузар
Ҳаст, ё буд?
Он ки дар сояҳо парса мезад,
Аз худ оҳиста пурсид,
Ман киам?
Рӯд?
Ҷангал?
Ҳар ду бо ҳам?
Ҷангалу рӯд?
Ҷангалу рӯд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо